Стратегияи ҷадиди муҳоҷирати Тоҷикистон муаррифӣ шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Обуна шудан
Яке аз аҳдофи муҳими Стратегияи ҷадид тақвият бахшидани раванди сафарбар кардани муҷочирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам то соли 2040 арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. "Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: афзалиятҳо ва натиҷаҳои ноилшаванда" зимни як мизи мудаввар дар Душанбе муаррифӣ шуд.
Дар дафтари матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” рӯзи 30 июни соли равон аз сӯи ҳукумати кишвар қабул шудааст.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Гулнора Ҳасанзода, зимни муарифии Стратегияи мазкур изҳор дошт, ки ҳадаф аз қабули ин санади муҳим ба танзим даровардани раванди муҷочират дар кишвар буда, он тамоми самтҳои муҷочирати дохилию хориҷиро фаро мегирад.
Манбаъ афзуд, страгеияи мазкур дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як санад танзими раванди тамоми намудаҳои муҳоҷирати аҳолӣ - меҳнатӣ, хориҷӣ, дохилӣ, экологӣ, гуразегон ва паноҳандагонро амалӣ мекунад.
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Рейдҳо бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Котелники за сӯи мақомоти интизомии Русия
Дар доираи Стратегия, то соли 2040 дар назар дошта шудааст, ки бояд санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ таҳлил ва ба онҳо тағйиру иловаҳо гузаронда шавад.
"Дар ин миён механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва ҷорӣ шуда, дар Хадамоти муҳоҷират Шӯрои ҷамъиятӣ бо ширкати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ таъсис хоҳад ёфт”, - гуфт манбаъ.
Дафтари матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, тибқи Стратегия, низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ такмил ва Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо таъсис дода хоҳад шуд.
“Яке дигар аз аҳдофи муҳими Стратегия тақвият бахшидани раванди сафарбар кардани муҷочирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам то соли 2040 мебошад”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, айни ҳол дар доираи шартномаҳои дуҷониба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба 8 давлат, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ҷопон, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ ва Кувайт сафарбар мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0