https://sputnik.tj/20230720/reydho-muhojirat-ghayriqonuni-kotelniki-rusiya-1058369949.html
Рейдҳо бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Котелники за сӯи мақомоти интизомии Русия
Рейдҳо бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Котелники за сӯи мақомоти интизомии Русия
Sputnik Тоҷикистон
Санҷишҳо дар корхонаҳои вилояти назди Маскав дар доираи тафтишоти ҷиноӣ дар мавриди ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон гузаронида шуд
2023-07-20T17:30+0500
2023-07-20T17:30+0500
2023-07-20T17:30+0500
дар русия
русия
вкд
рейд
муҳоҷират
маскав
пулис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_9c78c1146660832c8b49d23c9580176a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар минтақаи Котелники вилояти назди Маскав кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия вобаста ба ташкили раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронданд.Кумитаи тафтишотии Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар санади беш аз 150 муҳоҷири меҳнатиро тафтиш кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди қудратӣ.Маълум шуд, ки 5 нафари онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.Пулиси Русия ва кормандони Кумитаи тафтишотӣ ба 26 суроға сар заданд.Аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, хобгоҳҳо, майдончаҳои бинокорӣ, хонаҳои ба истилоҳ “резинӣ" сар заданд.Ба иттилои мақомоти интизомӣ, тоҷирони бидуни патент муҳоҷиронро бо кор ва манзил таъмин кардаанд. Яке аз соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран рейдҳои мақомоти интизомӣ ба масҷидҳо ва ҷойҳои намозгузории мусулмонон дар вилояти назди Маскав ба хотири ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар шудааст.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050970060_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_7c7296c5f3c5022bd016037225abc572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, маскав, тафтишот, ҷиноӣ, ташкил, будубош, пулис
русия, муҳоҷират, маскав, тафтишот, ҷиноӣ, ташкил, будубош, пулис
Рейдҳо бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Котелники за сӯи мақомоти интизомии Русия
Санҷишҳо дар корхонаҳои вилояти назди Маскав дар доираи тафтишоти ҷиноӣ дар мавриди ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар минтақаи Котелники вилояти назди Маскав кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия вобаста ба ташкили раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронданд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар санади беш аз 150 муҳоҷири меҳнатиро тафтиш кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди қудратӣ.
Маълум шуд, ки 5 нафари онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.
"Санҷишҳо дар доираи тафтишоти ҷиноӣ вобаста ба ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар ҳудуди минтқаи Котелники дар корхонаҳо ва инчунин дар маҳалли зисти раҳбарони онҳо сурат гирифтааст", - омадааст дар хабар.
Пулиси Русия ва кормандони Кумитаи тафтишотӣ ба 26 суроға сар заданд.
Аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, хобгоҳҳо, майдончаҳои бинокорӣ, хонаҳои ба истилоҳ “резинӣ" сар заданд.
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, тоҷирони бидуни патент муҳоҷиронро бо кор ва манзил таъмин кардаанд. Яке аз соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран рейдҳои мақомоти интизомӣ ба масҷидҳо ва ҷойҳои намозгузории мусулмонон дар вилояти назди Маскав ба хотири ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар шудааст.