https://sputnik.tj/20230721/reyd-shinovaron-joyhoi-mamnu-khorugh-1058384589.html
Рейд алайҳи шиноварон дар ҷойҳои мамнуъ дар Хоруғ
Рейд алайҳи шиноварон дар ҷойҳои мамнуъ дар Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувор ҷилавгирӣ намояд, таъкид мекунанд масъулин дар Хоруғ 21.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-21T15:40+0500
2023-07-21T15:40+0500
2023-07-21T15:52+0500
дар тоҷикистон
оббозӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хоруғ
қатъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523509_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_796062851d9ef660f957084673c5a3a6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ оббозӣ дар мавзеъҳои хавфнок - соҳилҳои дарёҳои Ғунд Шоҳдара, кӯлҳо, канали Гес, оббозӣ манъ аст. Дар ин бора нашрияи ҳукумати шаҳри Хоруғ бо нашри як иттилоия хабар додаст. Ба иттилои манбаъ сокинони шаҳри Хоруғ ва меҳмонон бо фарорасии мавсими гармии ҳаво, оббозиро яке аз шуғлиҳои асосии худ қарор медиҳанд. Махсусан наврасон ва ҷавонон зиёд ба оббозӣ машғул мешаванд. "Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори онҳо ҷилавгирӣ намояд", - омадааст дар иттилоия. Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳангоми паридан ба об хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об мумкин аст, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ва ба фавт шуда метавонад. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон ва истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ қатъиян талаб карда шуд, ки дар мавзеъҳои зикршуда аз оббозӣ худдорӣ намоянд.Таъкид гардидааст, ки масъулини мақомот рейдҳо мегузаронанд ва дар сурати ошкор гардидани қонунвайрониҳо дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.Ҳамзамон дар минтақаҳои хавфноки кӯлу дарёҳо, ки ҷараёни равиши об тез аст, мавҷуд будани чуқуриҳо, гирдобҳо оббозӣ кардан манъ карда шуда, лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шуданд, омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20230629/dushanbe-jasad-javon-gharq-sharh-khf-1057985126.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523509_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2660f4b09049770b6c172f1b7dcb2797.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, оббозӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хоруғ, қатъ
дар тоҷикистон, оббозӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хоруғ, қатъ
Рейд алайҳи шиноварон дар ҷойҳои мамнуъ дар Хоруғ
15:40 21.07.2023 (Навсозишуда: 15:52 21.07.2023) Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувор ҷилавгирӣ намояд, таъкид мекунанд масъулин дар Хоруғ
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ оббозӣ дар мавзеъҳои хавфнок - соҳилҳои дарёҳои Ғунд Шоҳдара, кӯлҳо, канали Гес, оббозӣ манъ аст.
Дар ин бора нашрияи ҳукумати шаҳри Хоруғ бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ сокинони шаҳри Хоруғ ва меҳмонон бо фарорасии мавсими гармии ҳаво, оббозиро яке аз шуғлиҳои асосии худ қарор медиҳанд. Махсусан наврасон ва ҷавонон зиёд ба оббозӣ машғул мешаванд.
"Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори онҳо ҷилавгирӣ намояд", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳангоми паридан ба об хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об мумкин аст, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ва ба фавт шуда метавонад.
Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон ва истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ қатъиян талаб карда шуд, ки дар мавзеъҳои зикршуда аз оббозӣ худдорӣ намоянд.
Таъкид гардидааст, ки масъулини мақомот рейдҳо мегузаронанд ва дар сурати ошкор гардидани қонунвайрониҳо дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Ҳамзамон дар минтақаҳои хавфноки кӯлу дарёҳо, ки ҷараёни равиши об тез аст, мавҷуд будани чуқуриҳо, гирдобҳо оббозӣ кардан манъ карда шуда, лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шуданд, омадааст дар иттилоия.