Муфтиёт: Даст ба гирдиҳамоӣ задан дар Маскав - ин кори ташкилотҳои хориҷист

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкГлавный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов, архивное фото
Главный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Обуна шудан
Муфтиёти Русия мегӯяд раҳпаймоиҳои эътирозӣ бар зидди тафтиши намозгузорон дар масҷидҳо дар Маскав ва вилояти Маскав барои ҷомеаи мусалмонон қобили қабул нест
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Даъватҳо ба мусалмонон баро даст задан ба гирдиҳамоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, натиҷаи кори созмонҳои хориҷӣ аст, гуфт раиси Анҷумани мусалмонони Федератсияи Русия муфтӣ Албир Крганов.
Вай аз мусалмонони шаҳри Маскав ва атрофи он даъват кард, ки ҳушёр бошанд ва ба иғво наафтанд.
“Боварӣ дорам, ки ин ҳамаро намояндагони кишварҳо хориҷӣ сохтаанд. Онҳо мунтазири он ҳастанд, ки мусулмонон дар Русия ба душман табдил ёбанд. Баъдан ангушт ба суи мусулмонон нишон дода, пайравони исломро дар Русия хамчун душмани Ватан номанд. Пайғамбари мо Муҳаммад ҳикматро таълим медод, ки оромона, вале бо шаъну шараф аз ҳуқуқи диндорон ҳамоят кард, — таъкид кард Крганов.
Муфтии Маскав Элдар Алоуттдинов низ қаблан аз мусулмонони Маскав ва вилояти Маскав хоста буд, ки мусалмонон ин даъватро нодида гиранд.
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Рейдҳо бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Котелники за сӯи мақомоти интизомии Русия
Вай изҳор дошт, ки чорабиниҳои пешбинишуда аз ҷониби Раёсати рӯҳонии мусулмонони Русия ва ба хусус Раёсати динии мусулмонони Маскав мувофиқа карда нанашудааст дастгирӣ низ намеёбад.
Ба гуфтаи вай албатта амали пулисҳоро дар масҷидҳо ғайриқонунӣ ва рафтори онҳоро ғайри қобили қабул донист.
“Дар ин росто барои рушан кардани сабабҳои ҳодиса ва тафтиши қонунӣ будани амали кормандони ОМОН ба сохторҳои дахлдор чанд мактуби расмӣ ирсол кардем”, таъкид кард муфтии Маскав.
Дар баробари ин мо мушохида кардем, ки дар доираҳои алоҳида таҳрифи баъзе далелҳо ва аз хад зиёд тезу тунд шудани вазъият мушохида карда мешавад.
“Ҳамаи ин шуури одамонро ба ҳаячон оварда, дар ҷамъият боз ҳам бештар шиддат ва ҷудоиҳо ба вуҷуд меорад. Дар воқеияти имрӯза чунин иғвогарона барои кишвари мо ниҳоят харобиовар буда, ҳеҷ ваҷҳ ба ҳалли масъала мусоидат намекунанд”, - афзуд ӯ.
Оқои Алоуттдинов мегяд агар мо мусулмонон хоҳем, ки вазъи ба амаломада ҳалли худро пайдо кунад ва аз ин корҳо дар оянда монеъ шавем ва инчунин аз ҳуқуқу номус ва номуси худ дифоъ кунем, зарур аст, ки мисли паёмбари ислом Мухаммад (с) рафтор кунем ва амалҳои худро дар асоси асли дини ислом танзим кунем.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Пулиси Маскав аз ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон гузориш дод
Муфтии Маскав илова кард, ки дар баробари ба роҳ мондани муколамаи судманд бо сохторҳои давлатӣ, инчунин муҳим аст, ки худро таҳлил намоем ва тавонем, саволҳо диҳем: чаро ин кор имконпазир шуд, оё мо воқеан таҷассуми зебоии Ислом ҳастем, оё гуфтор ва рафторамон хилофи принсипҳои он аст, оё амалҳои эҳсосии мо ба натиҷаи баръакс оварда мерасонад?
“Чунин гирдиҳамоиҳо боз як иғвои дигаре ҳастанд, ки дар паси он қувваҳои беруна меистанд. Давлати моро аз дарун мехоҳанд вайрон кунанд. Мусулмонон як қисми ҷудонашавандаи Русия, мардуми бумии он мебошанд. Ва ба хотири ҳифзи якпорчагии кишвар, ба хотири ояндаи осоиштаи он ва ояндаи авлоди худ мо бояд масъалаҳои ба миёномадаро бо роҳи созанда ҳаллу фасл намоем, моҳият, зебоӣ ва ҳикмати исломро ошкор созем”, - гуфт муфтӣ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти интизомии Русия дар чанд масҷид ва ҷойҳои намозгузории мусалмонон тафтишҳо гузаронд, ки боиси сару садоҳои зиёд миёни мусалмонони Русия шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0