Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба хандақҳои артиши Украина – видео

Обуна шудан
Дар навор дида мешавад, ки гурӯҳи ҳамлагарони нерӯҳи ҳавобурди артиши Русия дар ҷангалҳо хандақҳои қуваҳои мусаллаҳи Украинаро ишғол карданд
Нерӯҳои ҳавобурди Русия пас аз оташи тӯпхонаӣ ба хандақҳои артиши Украина ворид шуданд.
Нерӯҳои Русия макони мустаҳкамшудаи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ишғол ва пок карданд.
Дар натиҷаи ҷанг душман яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро дар мавкеъҳо партофта ақибнишинӣ карданд.
Артиши Русия зимни ҳамлаи густарда ба Одесса тамоми ҳадафҳоро нобуд карданд – видео
Ҳамчунин нерӯҳои украинӣ сарбозони кушташудаи худ захмиёнро дар майдони ҷанг партофта, фирор карданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Русия талафоти артиши Украина дар ду хати ҷабҳаро эълон кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0