Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия зимни ҳамлаи густарда ба Одесса тамоми ҳадафҳоро нобуд карданд – видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки артиши Русия бо мушакҳои болдор тамоми ҳадафҳои низмомиро дар минтақаи Одесса нобуд кард
Вазорати дифои Русия гуфт, шаби гузашта низомиёни Русия ба иншооти низомӣ ва захоири маводи сӯхт дар вилояти Одесса ҳамлаҳои мушакӣ анҷом доданд.
"Имрӯз артиши Русия тавассути силоҳҳои дақиқ ба иншооти саноатии ҳарбӣ, инфрасохтори нигаҳдории сӯзишворӣ ва анборҳои муҳимоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар наздикии шаҳри Одесса ҳамлаи гуруҳӣ анҷом дода шуд", — омадааст дар гузориш.
Сафири Русия гуф, Амрико дар ҳамлаи террористии Киев ба пули Қрим даст дошт
Илова бар ин, ба пойгоҳи ҳавоии Канатово дар вилояти Кировоград, ки дар он он Нерӯҳои ҳавоии Украина мустақаранд як зарбаи дигар зада шуд.
Чанде пеш вазорати дифоъ аз нобудсозии ҳадафҳо дар вилояти Одесса ва Николаев низ хабар дод. Ин як зарбаи ҷавобӣ пас аз ҳамлаи террористии режими Киев дар пули Қрим буд.
Амалиёти вижаи низомӣ: Русия ба бомбҳо хӯшаӣ аз ИМА чӣ гуна посух медиҳад
Шаби 17 июл Украина бо ду паҳпод ба пул ҳамла кард. Ду нафар ба ҳалокат расидаанд ва як духтари 14-сола дар беморхона бистарӣ шудааст. Қисми автомобгарди пул хароб шуд. Қарор аст, дар моҳи сентябр ҳаракати дуҷониба барқарор шавад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин ҳодисаро аз нигоҳи низомӣ бемаънӣ ва ҷинояти бераҳмона номид. Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳамла парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0