https://sputnik.tj/20230720/zavqizoda-fond-rushd-abu-dabi-mablaghguzori-nbo-roghun-1058371703.html
Даъвати Завқизода аз Фонди рушди Абу Дабӣ барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун"
Даъвати Завқизода аз Фонди рушди Абу Дабӣ барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун"
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо раҳбарияти Фонди рушди Абу Дабӣ масъалаи ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишваро баррасӣ кард
2023-07-20T19:02+0500
2023-07-20T19:02+0500
2023-07-20T19:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ама
сохтмон
маблағгузорӣ
нбо "роғун"
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058371475_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4fd098ffa8568a16137eefb2c3675503.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири кулли Бунёди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ ва муовини Вазири Девони корҳои рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои АМА Абдулло сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттиолои манбаъ вазири тоҷик дар мулоқот бо мудири кулли Бунёди рушди Абу Дабӣ ва муовини Вазири Девони корҳои рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (АМА) масъалаи ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро бараасӣ кардЗавқӣ Завқизода аз имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди кишвар гуфт ва барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун" ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, объёрӣ ва тағйирёбии иқлим дархост кард.Манбаъ қайд кардааст, ки дархости вазири тоҷик аз ҷониб мақомдорони Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дастгирӣ ёфт.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҷониби АМА мақомоти Тоҷикистонро барои роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд дар доираи Барномаи давлатии АМА оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ, ки ба тақвияти иқтидори мақомоти давлатӣ, институтҳо ва шахсони инфиродӣ равона карда шудааст, даъват кардааст.Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби АМА барои даъват ба ҳамкорӣ барои ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар доираи Конфронси СММ дар мавриди тағйирёбии иқлим (СОР 28) миннатдорӣ кард.Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ҳамкорӣ изҳор кард.
https://sputnik.tj/20230512/iqtisod-farhang-tandurust-rasulzoda-oripov-toshkand-1057079717.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058371475_160:0:1149:742_1920x0_80_0_0_2381d865b67c8b27beca0707c0e80181.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, завқӣ завқизода, фонд рушди абу дабӣ, нбо роғун, маблағгузорӣ, сохтмон
тоҷикистон, завқӣ завқизода, фонд рушди абу дабӣ, нбо роғун, маблағгузорӣ, сохтмон
Даъвати Завқизода аз Фонди рушди Абу Дабӣ барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун"
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо раҳбарияти Фонди рушди Абу Дабӣ масъалаи ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишваро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ахиран дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири кулли Бунёди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ ва муовини Вазири Девони корҳои рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои АМА Абдулло сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттиолои манбаъ вазири тоҷик дар мулоқот бо мудири кулли Бунёди рушди Абу Дабӣ ва муовини Вазири Девони корҳои рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (АМА) масъалаи ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро бараасӣ кард
Завқӣ Завқизода аз имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди кишвар гуфт ва барои маблағгузорӣ ба сохтмони НБО "Роғун" ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, объёрӣ ва тағйирёбии иқлим дархост кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки дархости вазири тоҷик аз ҷониб мақомдорони Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дастгирӣ ёфт.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҷониби АМА мақомоти Тоҷикистонро барои роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд дар доираи Барномаи давлатии АМА оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ, ки ба тақвияти иқтидори мақомоти давлатӣ, институтҳо ва шахсони инфиродӣ равона карда шудааст, даъват кардааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби АМА барои даъват ба ҳамкорӣ барои ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар доираи Конфронси СММ дар мавриди тағйирёбии иқлим (СОР 28) миннатдорӣ кард.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ҳамкорӣ изҳор кард.