https://sputnik.tj/20230719/rahmon-kaba-ziyorat-shukufoii-oyanda-tojikiston-duo-1058347942.html
Раҳмон Каъбаро зиёрат карду барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуо кард
Раҳмон Каъбаро зиёрат карду барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, Каъбаро зиёрат кард
2023-07-19T15:30+0500
2023-07-19T15:30+0500
2023-07-19T15:46+0500
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
эмомалӣ раҳмон
ҳаҷ
макка
каъба
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058348292_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_ce479be90a751b8cc6af89c2b9325f9b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.Раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмунон – Каъбаро зиёрат кард.Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.Сипас, раҳбари кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.Пас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳур пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуои хайр кард.Сипас, раисҷумҳур назди чоҳи замзам оби замзам нӯшид, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.Зикр гардидааст, ки баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст.Манбаъ ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.
https://sputnik.tj/20230718/oghozi-safar-rahmon-arabiston-furudgoh-amiri-makka-peshvoz-1058338984.html
макка
каъба
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058348292_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_0fc5f0d9700585a2f333e986a315ae82.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, каъба, дуо, эмомалӣ раҳмон, макка, ҳаҷи умра
тоҷикистон, раисҷумҳур, каъба, дуо, эмомалӣ раҳмон, макка, ҳаҷи умра
Раҳмон Каъбаро зиёрат карду барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуо кард
15:30 19.07.2023 (Навсозишуда: 15:46 19.07.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, Каъбаро зиёрат кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Маккаи мукаррама қиблаи мусулмунон – Каъбаро зиёрат кард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.
Сипас, раҳбари кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.
Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳур пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуои хайр кард.
Сипас, раисҷумҳур назди чоҳи замзам оби замзам нӯшид, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Зикр гардидааст, ки баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.
Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.