60 дарсади қурбониёни инфиҷори мина дар Афғонистон кӯдакон ҳастанд

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПрием министерством обороны РФ вооружения и техники группы "Вагнер"
Прием министерством обороны РФ вооружения и техники группы Вагнер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар гузориши ахири худ, кӯдакони Афғонистонро қурбониёни аслии инҷиҷори бомбҳои амалнакарда донист
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар гузориши ахири худ эълом кард, ки аз моҳи январи соли 2022 то моҳи июни соли равон 640 кӯдак дар Афғонистон бар асари инфиҷори мина ва бархе маводи коргзоришудаи кушта ва захмӣ шуданд, иттилоъ додааст "Парс Тодей".
Бар асоси ин гузориш, ин омори 60 дарсади аз маҷмӯи талафоти ғайринизомиён бар асари инфиҷори мина ва маводи мунфаҷираи ҷосозишударо ташкил медиҳад.
Комитеи байналмилалии Салиби Сурх соли гузашта низ аз афзоиши талафоти ношӣ аз инфиҷори мина ва маводи мунфаҷираи боқимонда аз ҷангҳо дар ин кишвар иброз нигаронӣ карда буд.
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Афғонистон хостори лағви таҳримҳои тиҷорӣ шуд
Беш аз шашсад километри мураббаъ аз арозии Афғонистон олуда ба анвоъи мина ва муҳимоти мунфаҷир нашуда аст.
Инфиҷори муҳимоту маводи мунфаҷира амал накарда ношӣ аз бист соли ишғолгарӣ ва ҷанги Амрико дар Афғонистон ҳар рӯз аз миёни мардуми ин кишвар ба вижаи кӯдакон қурбонӣ мегирад.
Ёодовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 225 метри мураббаъ қитъаи замин аз минаҳо поксозӣ шудааст.
Танҳо соли 2022 беш аз 225 319 метри мураббаъ қитъаи замин, бо миқдори 170 мина ва 516 муҳимоти ҷангии нотаркида тоза ва безарар гардонда шуд.
Лентаи хабарҳо
0