https://sputnik.tj/20230720/hushdori-khf-selu-boloravi-obi-rudkhona-1058372092.html
Ҳушдори КҲФ аз селу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Ҳушдори КҲФ аз селу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон сокинони кишварро аз сар задани офатҳои табиӣ ва хатари омадани сел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
2023-07-20T19:40+0500
2023-07-20T19:40+0500
2023-07-20T19:40+0500
кҳф
дар тоҷикистон
обу ҳаво
сел
офати табиӣ
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_4a27710c0bddccc5d30ec4904c06a536.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бад шудани обу ҳава дар назар аст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржадании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.Ҳамзамон КҲФ-и кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар аст.Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, - ҳудор дод КҲФ.Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза намоянд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.
https://sputnik.tj/20230706/sel-roh-ayni-panjakent-bast-1058113494.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_79a4ec033f4f224e53d64ff06c9a109e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳушдор, обу ҳаво, сел, болоравии сатҳи оби рӯдхона, кҳф
тоҷикистон, ҳушдор, обу ҳаво, сел, болоравии сатҳи оби рӯдхона, кҳф
Ҳушдори КҲФ аз селу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Обуҳавошиносон сокинони кишварро аз сар задани офатҳои табиӣ ва хатари омадани сел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бад шудани обу ҳава дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржадании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Ҳамзамон КҲФ-и кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар аст.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.
“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, - ҳудор дод КҲФ.
Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза намоянд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.