https://sputnik.tj/20230706/sel-roh-ayni-panjakent-bast-1058113494.html
Баъди рафтани Раҳмон сел роҳи Айнӣ-Панҷакентро баст
Баъди рафтани Раҳмон сел роҳи Айнӣ-Панҷакентро баст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари омадани сел дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд
2023-07-06T13:21+0500
2023-07-06T13:21+0500
2023-07-06T13:21+0500
сел
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
айнӣ
панҷакент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055688_0:21:657:391_1920x0_80_0_0_aba6d22c707262866c2bdaa2de5aefd6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар километри 14 - уми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент сел фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт барои чанд муддат масдуд шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, барои рафъи оқибатҳои селфароӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб карда шуд, ки дар натиҷа бо гузашти ҳудуди се соат роҳи мазкур аз сангу лойоба тоза шуд.Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва харобкориҳо ба қайд гирифта нашудаанд.Омадани сел ва масдуд шудани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ҳолест, ки роҳбари давлат сафари корияшро ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ кард.Ба эҳтимоли зиёд, сел замоне фаромад, ки роҳбари давлат аллакай ба ноҳияи дигари ин вилоят сафар кард.Қаблан БДА дар вилояти Суғд хабар дод. ки бинобар сафари роҳбари давлат, сар аз 5 то 8 июн роҳҳои вилоят баста мешаванд.Кадом роҳҳо дар Суғд баста хоҳанд буд - тасвирбаёнДар ҳамин ҳол, КҲФ қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 дар роҳҳои Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ хатари фаромадани сел мавҷуд аст. Ин ниҳод мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, талаб кард, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, шикору моҳигирӣ ва сафар ба минтақаҳои наздикӯҳӣ худдодӣ кард.
https://sputnik.tj/20230702/tashakkul-kul-suni-taloshi-rohsozi-roshtqala-1058032663.html
айнӣ
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055688_0:0:657:494_1920x0_80_0_0_0fb7992d0fbeec869936296b398df11f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел роҳ айнӣ панҷакент баст
сел роҳ айнӣ панҷакент баст
Баъди рафтани Раҳмон сел роҳи Айнӣ-Панҷакентро баст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари омадани сел дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар километри 14 - уми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент сел фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт барои чанд муддат масдуд шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, барои рафъи оқибатҳои селфароӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб карда шуд, ки дар натиҷа бо гузашти ҳудуди се соат роҳи мазкур аз сангу лойоба тоза шуд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва харобкориҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Омадани сел ва масдуд шудани роҳи Айнӣ-Панҷакент дар ҳолест, ки роҳбари давлат сафари корияшро ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ кард.
Ба эҳтимоли зиёд, сел замоне фаромад, ки роҳбари давлат аллакай ба ноҳияи дигари ин вилоят сафар кард.
Қаблан БДА дар вилояти Суғд хабар дод. ки бинобар сафари роҳбари давлат, сар аз 5 то 8 июн роҳҳои вилоят баста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 дар роҳҳои Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ хатари фаромадани сел мавҷуд аст. Ин ниҳод мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, талаб кард, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, шикору моҳигирӣ ва сафар ба минтақаҳои наздикӯҳӣ худдодӣ кард.