https://sputnik.tj/20230719/vaziri-khorijai-tolibho-hukumati-farogir-ast-1058351941.html
Вазири хориҷаи толибҳо: Ҳукумати мо фарогир аст
Вазири хориҷаи толибҳо: Ҳукумати мо фарогир аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ахиран зимни як суханрониаш ҳукумати феълии Афғонистонро фарогир аз ҳукуматҳо донист
2023-07-19T17:59+0500
2023-07-19T17:59+0500
2023-07-19T19:27+0500
афғонистон
толибон
ҳукумат
ҳамсоя
сиёсат
осиёи марказӣ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_0:112:3076:1842_1920x0_80_0_0_7edfd69ab35a81a96a0b6c2a9097bf33.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ ахиран дар суханоне муддаӣ шуд, ки ин ҳукумати ҳамашумул ва фарогир аст аз ин рӯ интиқод аз ин ҳукумат ҷоиз нест, иттилоъ додааст “Парс Тодей”.Муттақӣ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди таҳримҳо вазъияти иқтисодии Афғонистон хуб аст.“Тамоми тасомим ва файсалаҳо дар Афғонистони мустақил ва бидуни мудохилаи дигарон гирифта мешавад, мо машвараи ҳамаро мешунавем аммо мустақил тасмим мегирем”, - афзуд вай.Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ҳамчунин ахиран гуфт, бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки бо ин гурӯҳи таъомул манфӣ доштанд, акнун ба сӯйи таъомули мусбат ҳаракат мекунанд.Ёдовар мешавем, чанде раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул роҳи таъмини суботу оромӣ дар Афғонистон аст.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон ташаккули ҳукумати воқеан ҳамашумул бо иштироки тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсии дар ин кишвар аст.Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20230719/zaminjunbii-navbati-dar-marzi-tojikistonu-afghoniston-1058346436.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/17/1055719071_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_20f5c598894e01ce4a440a9b563280ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳукумат, толибон, ҳамашумул, фарогир
афғонистон, ҳукумат, толибон, ҳамашумул, фарогир
Вазири хориҷаи толибҳо: Ҳукумати мо фарогир аст
17:59 19.07.2023 (Навсозишуда: 19:27 19.07.2023) Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ахиран зимни як суханрониаш ҳукумати феълии Афғонистонро фарогир аз ҳукуматҳо донист
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ ахиран дар суханоне муддаӣ шуд, ки ин ҳукумати ҳамашумул ва фарогир аст аз ин рӯ интиқод аз ин ҳукумат ҷоиз нест, иттилоъ додааст “Парс Тодей”.
Муттақӣ ҳамчунин афзуд, ки бо вуҷуди таҳримҳо вазъияти иқтисодии Афғонистон хуб аст.
“Тамоми тасомим ва файсалаҳо дар Афғонистони мустақил ва бидуни мудохилаи дигарон гирифта мешавад, мо машвараи ҳамаро мешунавем аммо мустақил тасмим мегирем”, - афзуд вай.
Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо ҳамчунин ахиран гуфт, бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки бо ин гурӯҳи таъомул манфӣ доштанд, акнун ба сӯйи таъомули мусбат ҳаракат мекунанд.
Ёдовар мешавем, чанде раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул роҳи таъмини суботу оромӣ дар Афғонистон аст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон ташаккули ҳукумати воқеан ҳамашумул бо иштироки тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсии дар ин кишвар аст.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.