Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти “Pamir Daily News”-ро манъ кард

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
“Pamir Daily News” ё “Памир нюс” “Pamir News” ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кардааст, ки фаъолияти ташкилоти “Pamir Daily News” дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.
Тавре сомонаи расмии прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии кишвар ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс” (“Pamir Daily News”) ё “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст.
Тавре прокуратура қайд кардааст, фаъолияти ин ташкилот дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Амалиёти Бадахшон, на толибҳо: шарҳи генералҳо дар бораи "афзоиши экстремизму терроризм"
Ҳамзамон прокуратура илова кардааст, ки фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар баста шудаанд.
Инчунин Додситонии кулли Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ мебошад ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0