Амалиёти Бадахшон, на толибҳо: шарҳи генералҳо дар бораи "афзоиши экстремизму терроризм"

© Амир ИсаевРамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Тайи нимсолаи гузашта дар Тоҷикистон аксари навъҳои ҷиноят коҳиш ёфтаанд, аммо сабти ҷиноёти марбут ба экстремизму терроризм зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон афзоиши омори ҷиноёти экстремизму терроризмро дар кишвар шарҳ дода, рабт доштани ин ҳамаро ба қудратгирии толибҳо дар Афғонистон рад карданд.
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш гуфт, афзоиши ҷиноёти марбут ба экстремизму терроризм дар пайи ба қудрат расидани толибҳо дар Тоҷикистон эҳсос намешавад.

“Мо ҳар чиро, ки дар дохили кишвар иттифоқ афтодааст, сабт кардаем. Аммо он чиро, ки фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз таъсири вазъи Афғонистон бошад, мо ба қайд нагирифтаем”, - гуфт Раҳимзода.

Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯяд, ин афзоиш ба амалиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рабт дорад, ки моҳҳои май ва июн иттифоқ афтода буд.
Генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, афзоиши сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳои вобаста ба самти терроризм дар қиёс бо ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рабт дорад.
“Зимни ин амалиёт якчанд амалҳое, ки хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доштанд, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ содир шуданд, ки аз сӯйи мақомот ошкор ва сабт гардиданд”, - изҳор дошт Ҳафиззода.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар 6 моҳи гузашта 261 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои террористиву экстремистӣ боздошт шудаанд, ки аз онҳо 64 нафарашон ҷавонанд. Ҳамзамон 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 100 нафар бо ин ҷурм дастгир шудаанд, афзуд ин ниҳод.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Раҳимзода ошӯби Рӯшон ва амалиёти мақомотро шарҳ дод
Таъкид шуд, ки дар ин миён 44 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистиву террористӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, дастгир ва истирдод шуданд, аз ҷумла Русия 41 ва се нафари дигар аз Мисру Қазоқистон ва Туркия.
Қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ниҳодҳои амниятии кишвар тайи ним соли гузашта 720 ҷинояти марбут ба терроризму экстремизмро ошкор ва ба қайд гирифтаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд аст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 3000 шаҳрванди ин кишвар бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудаанд.
Тайи ним соли гузашта 109 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштирокчиёни ҷангҳо дар сафи созмонҳои террористӣ бо хоҳиши худ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, аз ҷумла 10 нафар аз Русия, 7 нафар аз Туркия ва якнафарӣ аз Қазоқистону Миср. Аз соли 2015 ба ин сӯ 792 муттаҳам дар узвият ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ширкаткунандагони муҳорибаҳои ҷангӣ ихтиёран ба Ватан баргаштаанд.
Лентаи хабарҳо
0