https://sputnik.tj/20230718/oghozi-safar-rahmon-arabiston-furudgoh-amiri-makka-peshvoz-1058338984.html
Оғози Сафари Раҳмон ба Арабистон: Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро амири Макка пешвоз гирифт
Оғози Сафари Раҳмон ба Арабистон: Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро амири Макка пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири иштирок дар Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб озими Арабистони Саудӣ шуд шуд
2023-07-18T20:23+0500
2023-07-18T20:23+0500
2023-07-18T20:23+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
эмомалӣ раҳмон
фурудгоҳ
макка
пешвоз
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/12/1058338803_0:41:799:490_1920x0_80_0_0_0fea0145da7de3e9db5f14f3067bcbd8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом – кишвардори Тоҷикистонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Қайд карда шудааст, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар назар аст, ки раҳбари кишвар 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб иштирок ва суханронӣ кунад.Ҳамчунин дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти кишвар бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.
макка
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/12/1058338803_45:0:754:532_1920x0_80_0_0_e52747ef40ca07ecfa2f894791844c0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, сафар, эмомалӣ раҳмон, фурудгоҳ, пешвоз, амири макка, раисҷумҳур
тоҷикистон, арабистони саудӣ, сафар, эмомалӣ раҳмон, фурудгоҳ, пешвоз, амири макка, раисҷумҳур
Оғози Сафари Раҳмон ба Арабистон: Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро амири Макка пешвоз гирифт
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири иштирок дар Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб озими Арабистони Саудӣ шуд шуд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба номи Шоҳ Абдулазиз меҳмони олимақом – кишвардори Тоҷикистонро Амири музофоти Маккаи Мукаррама, мушовири Шоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ал-Файсал ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда, аз ду канори роҳрави махсус аскарони Қаровули фахрӣ саф кашида буданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар назар аст, ки раҳбари кишвар 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб иштирок ва суханронӣ кунад.
Ҳамчунин дар доираи ин сафари корӣ мулоқоти Президенти кишвар бо Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад ибн Салмон ва дигар намояндагони воломақоми Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир мегардад.