https://sputnik.tj/20230719/maqomothoi-sughdu-farghona-masalai-tashkili-korkhonahoi-mushtarakro-barrasi-kardand-1058344438.html
Мақомотҳои Суғду Фарғона масъалаи ташкили корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Мақомотҳои Суғду Фарғона масъалаи ташкили корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо ҳокими вилояти Фарғона аз сатҳи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард
2023-07-19T12:59+0500
2023-07-19T12:59+0500
2023-07-19T12:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
фарғона
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058344170_0:199:751:621_1920x0_80_0_0_4cc897d278a6cd57733098e6e10c44c0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров мулоқот кард.Адр ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.Раисони вилоятҳои ҳаммарз барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак, ва ҷалби якҷояи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоятҳо изҳори назар карданд.Ҳамчунин тарафҳои дар бораи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.Раисони ду вилояти ҳаммарз таъкид карданд, ки амалисозии тарҳҳои муфид барои минтақа ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси вилояти Суғд бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият фаъолият дорад.Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд.Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.
https://sputnik.tj/20230718/ravobit-sughd-bodkand-tahkim-ahmadzoda-alimboev-suhbat-1058329594.html
суғд
фарғона
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058344170_0:128:751:691_1920x0_80_0_0_43a2c50f206601d5ae349b8cfbcad3a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ҳамкорӣ, равобит, ӯзбекистон, фарғона, муносибат, дӯстӣ
тоҷикистон, суғд, ҳамкорӣ, равобит, ӯзбекистон, фарғона, муносибат, дӯстӣ
Мақомотҳои Суғду Фарғона масъалаи ташкили корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо ҳокими вилояти Фарғона аз сатҳи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар шаҳри Чӯлпон-отаи Қирғизистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров мулоқот кард.
Адр ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин мулоқот аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи минтақаҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раисони вилоятҳои ҳаммарз барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои муштарак, ва ҷалби якҷояи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоятҳо изҳори назар карданд.
Ҳамчунин тарафҳои дар бораи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раисони ду вилояти ҳаммарз таъкид карданд, ки амалисозии тарҳҳои муфид барои минтақа ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси вилояти Суғд бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кард.
Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият фаъолият дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд.
Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.