https://sputnik.tj/20230718/ravobit-sughd-bodkand-tahkim-ahmadzoda-alimboev-suhbat-1058329594.html
Равобити Суғду Бодканд таҳким меёбад: Аҳмадзода боз бо Алимбоев сӯҳбат кард
Равобити Суғду Бодканд таҳким меёбад: Аҳмадзода боз бо Алимбоев сӯҳбат кард
Ҷонибҳо ба таври анъанавӣ масъалаҳои таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодии ду минтақаи марзиро баррасӣ кардаанд
2023-07-18T17:55+0500
2023-07-18T17:55+0500
2023-07-18T17:55+0500
суғд
бодканд
дар тоҷикистон
қирғизистон
сиёсат
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/12/1058327912_0:258:960:798_1920x0_80_0_0_55f91f1bc9d2e03c3cc89847627e558d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев мулоқоти навбатӣ доир намуд. Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раиси Суғд, ҷонибҳо аз рӯи анъана масъалаи таҳкими равобити дӯстонаи ду вилояти марзиро баррасӣ карданд. Аҳмадзода ва Алимбоев омодагии худро барои густариши шарикии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор намуда, бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи аломатгузории марз танҳо тавассути дипломатия бо ҳамдигарфаҳмии комил ва ризоияти ҷонибҳо ҳал хоҳад шуд. Намояндагони ду кишвар қайд карданд, ки мавҷудият дар фазои ҳамсоягӣ, сулҳу дӯстӣ ягона афзалияти сокинони маҳаллӣ мебошад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Аҳмадзода, Алимбоев ва раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров ба як нишасти минтақавӣ ҷамъ омадаанд. Тавре ба аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, мулоқот судманд сурат гирифт, ки "натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳост".
https://sputnik.tj/20230717/muloqot-sejoniba-sugd-farghona-bodkand-barras-1058312032.html
суғд
бодканд
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/12/1058327912_0:253:960:973_1920x0_80_0_0_8474395a5c626bdbae8cad29e761575f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
суғд бодканд аҳмадзода алимбоев суҳбат
суғд бодканд аҳмадзода алимбоев суҳбат
Равобити Суғду Бодканд таҳким меёбад: Аҳмадзода боз бо Алимбоев сӯҳбат кард
Ҷонибҳо ба таври анъанавӣ масъалаҳои таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодии ду минтақаи марзиро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев мулоқоти навбатӣ доир намуд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раиси Суғд, ҷонибҳо аз рӯи анъана масъалаи таҳкими равобити дӯстонаи ду вилояти марзиро баррасӣ карданд.
Аҳмадзода ва Алимбоев омодагии худро барои густариши шарикии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор намуда, бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи аломатгузории марз танҳо тавассути дипломатия бо ҳамдигарфаҳмии комил ва ризоияти ҷонибҳо ҳал хоҳад шуд.
Намояндагони ду кишвар қайд карданд, ки мавҷудият дар фазои ҳамсоягӣ, сулҳу дӯстӣ ягона афзалияти сокинони маҳаллӣ мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Аҳмадзода, Алимбоев ва раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров ба як нишасти минтақавӣ ҷамъ омадаанд.
Тавре ба аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, мулоқот судманд сурат гирифт, ки "натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳост".