https://sputnik.tj/20230719/elon-ozmun-muboriza-fasod-tojikiston-1058350854.html
Эълони озмун барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон
Эълони озмун барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон талош дорад, ки рӯзноманигорони кишварро ба раванди мубориза бо фасодкорӣ ҳарчи бештар ҷалб гардонад
2023-07-19T16:03+0500
2023-07-19T16:03+0500
2023-07-19T16:04+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
фасод
коррупсия
вазорати фарҳанг
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/06/1026170647_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_bfd163a663e66dd6f9fe219362b1bf79.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар самти тарғиботи зиддикоррупсионӣ эълон карда шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки озмун таҳти унвони "Васоити ахбори омма муқобили коррупсия" баргузор мешавад. Вазорат ният дорад, озмуни мазкурро моҳи декабри соли равон ҷамъбаст гардад. "Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Тоҷикистон дар давоми сол дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд", - омадааст дар эълон. Таъкид гардидааст, ки барои барои ҷои якум мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои барандаҳои ҷои дуюм дар озмун 4 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст. "Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то 1-уми декабри соли 2023 қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад", - таъкид намуд вазорат. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон фасодкорӣ яке аз мушкилоти мубрам ба шумор рафта, мақомот мубориза бо онро яке аз самтҳои афзалиятноки корашон эълон кардаанд.
https://sputnik.tj/20230416/doru-muhlatashon-guzashta-korrupsiya-vazir-tojik-1056487603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/06/1026170647_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_b125280f24ad64ca423eb0caa53f9cba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озмун, эълон, мубориза, фасод, тоҷикистон, фарҳанг
озмун, эълон, мубориза, фасод, тоҷикистон, фарҳанг
Эълони озмун барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон
16:03 19.07.2023 (Навсозишуда: 16:04 19.07.2023) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон талош дорад, ки рӯзноманигорони кишварро ба раванди мубориза бо фасодкорӣ ҳарчи бештар ҷалб гардонад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар самти тарғиботи зиддикоррупсионӣ эълон карда шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки озмун таҳти унвони "Васоити ахбори омма муқобили коррупсия" баргузор мешавад.
Вазорат ният дорад, озмуни мазкурро моҳи декабри соли равон ҷамъбаст гардад.
"Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Тоҷикистон дар давоми сол дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд", - омадааст дар эълон.
Таъкид гардидааст, ки барои барои ҷои якум мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои барандаҳои ҷои дуюм дар озмун 4 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.
"Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то 1-уми декабри соли 2023 қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад", - таъкид намуд вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон фасодкорӣ яке аз мушкилоти мубрам ба шумор рафта, мақомот мубориза бо онро яке аз самтҳои афзалиятноки корашон эълон кардаанд.