https://sputnik.tj/20230718/minatdorii-muhriddin-safiri-barkanorshuda-turkamniston-tojikiston-1058317041.html
Минатдории Муҳриддин аз сафири барканоршудаи Туркманистон дар Тоҷикистон
Минатдории Муҳриддин аз сафири барканоршудаи Туркманистон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориыаи Тоҷикистон аз сафири Туркманистон барои саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ крдааст
2023-07-18T09:03+0500
2023-07-18T09:03+0500
2023-07-18T09:03+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
сафир
миннатдорӣ
сироҷиддин муҳриддин
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/11/1058316875_0:139:1200:814_1920x0_80_0_0_38a3a18172bf92650ad2ab0b80dffcb9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистон Хемра Тогалаковро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. “Ҳамчунин майли мутақобилаи тарафҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду давлатанд, таъкид гардид”, - қайд кардааст ВУХ-и кишвар. Сироҷиддин Муҳриддин ба Хемра Тогалаков барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз мақом барканор кард. Хемра Тогалаков бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон озод карда шуд. Намояндаи нави ин давлат дар Тоҷикистон Аймират Гоҷмуродов таъйин шудааст. Манбаъ меафзояд, бо фармони дигари Бердимуҳаммадов сафирони Тукрманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ ба мақом барканор шуданд. Ҳамзамон чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ иваз шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард. Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.
https://sputnik.tj/20230715/berdimuhammadov-safir-turkmaniston-tojikistonro-barkanor-1058280331.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/11/1058316875_64:0:1200:852_1920x0_80_0_0_51baee6acfcf27c63be10db46acf3291.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, мулоқот, миннатдорӣ, барканоршуда, сафир, ҳамкорӣ, стратегӣ
тоҷикистон, туркманистон, мулоқот, миннатдорӣ, барканоршуда, сафир, ҳамкорӣ, стратегӣ
Минатдории Муҳриддин аз сафири барканоршудаи Туркманистон дар Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз сафири Туркманистон барои саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистон Хемра Тогалаковро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Ҳамчунин майли мутақобилаи тарафҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду давлатанд, таъкид гардид”, - қайд кардааст ВУХ-и кишвар.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Хемра Тогалаков барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузоштаи ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои шарикии таъмиқи стратегии ду кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз мақом барканор кард.
Хемра Тогалаков бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон озод карда шуд.
Намояндаи нави ин давлат дар Тоҷикистон Аймират Гоҷмуродов таъйин шудааст.
Манбаъ меафзояд, бо фармони дигари Бердимуҳаммадов сафирони Тукрманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ ба мақом барканор шуданд.
Ҳамзамон чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ иваз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард.
Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.