Бердимуҳаммадов сафири Туркманистон дар Тоҷикистонро барканор кард: сабаб

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Ба иловаи сафири Туркманистон дар Тоҷикистон ҳамчунин сафирон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ аз мақом барканор шуданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз мақом барканор кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии Туркманистон.
Бар хабари манбаъ, Ҳемр Тогалаков бинобар гузаштан ба кори дигар аз сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон озод карда шуд.
Манбаъ меафзояд, бо фармони дигари Бердимуҳаммадов сафирони Тукрманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ ба мақом барканор шуданд.
Иллати барканории ин ду дипломат низ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.
Зимнан, кишвардори Туркманистон танҳо сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кардаасту халос. Намояндаи нави ин давлат дар Тоҷикистон Аймират Гоҷмуродов таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ иваз шуд.
Таджикский посол в Туркменистане Алибек Ниятбекзода и глава МИД Туркменистана Рашид Мередов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Ниятбекзода нусхаи эътимодномаашро ба вазири Туркманистон супорид
Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард.
Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сафоратхонаҳои кишвар охири моҳи майи соли равон анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0