https://sputnik.tj/20230718/faoliyat-korkhona-sementi-dushanbe-qat-sabab-1058327421.html
Фаъолияти корхонаи сементи Душанбе қатъ мешавад: сабаб
Фаъолияти корхонаи сементи Душанбе қатъ мешавад: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ҳифзи амнияти экологии шаҳри Душанбе ва қатъи истеҳсолоти хатарнок чораҳо андешад
2023-07-18T17:20+0500
2023-07-18T17:20+0500
2023-07-18T17:20+0500
саноат
дар тоҷикистон
семент
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102587/70/1025877096_0:97:1040:682_1920x0_80_0_0_aab2c1adc5e03b43c6638ded9992d9c4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе то охири соли 2023 қатъ мешавад. Ин тасмим дар чаҳорчӯби ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Зимнан зикр гардид, ки ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр амалӣ карда мешаванд. Дар ин хусус ба вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд. Масъулини давлатӣ қайд карданд, ки солҳои охир мошину таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда шудаанд, аммо таъмири онҳо имконнопазир аст. Зимнан, дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон чанд корхонаи бузурги тавлиди семент, аз қабили "Хуаксин Ғаюр Семент", "Моҳир Семент", "Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент", "Тоҷ-Чина" ва ғайра сохта ва фаъолият доранд. Ҳаҷми иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо кофӣ буда, талаботи бозори дохилии кишварро бо сементи истеҳсоли худ пурра таъмин мекунанд. Инчунин корхонаҳо содироти маҳсулотро ба хориҷ низ роҳандозӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20230216/afzoishi-nazarras-istehsoli-sement-tojikiston-1054986544.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102587/70/1025877096_0:0:1040:780_1920x0_80_0_0_ac692e68e8cefe04820897aeae0871cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаъолият корхона семент душанбе қатъ сабаб
фаъолият корхона семент душанбе қатъ сабаб
Фаъолияти корхонаи сементи Душанбе қатъ мешавад: сабаб
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ҳифзи амнияти экологии шаҳри Душанбе ва қатъи истеҳсолоти хатарнок чораҳо андешад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе то охири соли 2023 қатъ мешавад.
Ин тасмим дар чаҳорчӯби ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр амалӣ карда мешаванд.
Дар ин хусус ба вазорату кумитаҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.
"Корхонае, ки дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯз ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нест ва ба экологияи шаҳр ва сокинони он таъсири мустақим дорад", - гуфта шудааст дар ҷаласа.
Масъулини давлатӣ қайд карданд, ки солҳои охир мошину таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда шудаанд, аммо таъмири онҳо имконнопазир аст.
Зимнан, дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон чанд корхонаи бузурги тавлиди семент, аз қабили "Хуаксин Ғаюр Семент", "Моҳир Семент", "Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент", "Тоҷ-Чина" ва ғайра сохта ва фаъолият доранд.
Ҳаҷми иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо кофӣ буда, талаботи бозори дохилии кишварро бо сементи истеҳсоли худ пурра таъмин мекунанд. Инчунин корхонаҳо содироти маҳсулотро ба хориҷ низ роҳандозӣ кардаанд.