КҲФ: ҷасади боз як кӯдак дар канали Ҳисор ёфт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони кӯдаки ғарқшуда таслияти самимӣ баён карда, сокинонро ба эҳтиёткорӣ хондааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҷасади як навраси 12-соларо аз канали Ҳисор берун оварданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки кӯдак ҳангоми оббозӣ дар ҳавз танҳо будааст.
Ҳамин тавр, аз лаҳзаи рух додани ҳодиса наҷотдиҳандагони КҲФ ба корҳои ҷустуҷӯӣ сафарбар карда шуданд.
Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ҷасад аз ҷониби наҷотдиҳандагон кашф ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Дар робита ба ин, "Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба хешу табор ва наздикони наврас изҳори ҳамдардӣ мекунад" ва мепурсад: кӯдаконро беназорат нагузоред, бо онҳо дар бораи оқибатҳои риоя накардани коидаҳои бехатарй дар хавз ва шиноварй дар ҷойхои манъшуда мунтазам сӯҳбатҳо гузаронанд.
В Согде ускоренно готовятся к купальному сезону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
КҲФ гуфт, киҳо бештар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ мешаванд
Қаблан кормандони КҲФ зимни як санҷиш дар баҳри Тоҷик ва Сирдарё дар вилояти Суғд ба шаҳрвандон рафтори бехатар дар обро омӯзонда буданд.
Мутахассисони ин ниҳод бо истироҳаткунандагон сӯҳбатҳо гузаронда, ба онҳо варақаҳо оид ба қоидаҳои рафтори бехатар дар назди об супурда, ба кӯдакон диққати махсус доданд.
Барои пешгирии садамаҳо дар объектҳои об КҲФ хотиррасон мекунад:
танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда, дар соҳилҳои муҷаҳҳаз шиноварӣ кунед, ки дар он ҷо дар ҳолати садама наҷотбахш ба шумо зуд ёрӣ мерасонад;
дар ҷойҳои мамнӯ шиноварӣ накунед;
дар об ҳаргуна бозиҳоро ташкил накунед;
ҷаҳидан ба об дар ҷойҳои ношинос, ва дигар иншоотҳое, ки ба ин мақсад мувофиқ нашудаанд, хавфнок аст;
натиҷаи шиноварии дуру дароз, дар об дуру дароз мондан гипотермия, хастагии мушакҳо, рагкашӣ, марг аст.
Кормандони идора хотиррасон мекунанд: пеш аз ҳама, бехатарӣ - масъулияти худи шумост!
Лентаи хабарҳо
0