https://sputnik.tj/20230717/intiqol-jasad-javon-tojik-kushtashuda-sadama-rusiya-vatan-1058304228.html
Интиқоли ҷасади ду ҷавони тоҷики кушташуда дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба Ватан
Интиқоли ҷасади ду ҷавони тоҷики кушташуда дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба Ватан
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати кишвар дар Русия ҳамдардиашро ба наздикони ду муҳоҷири тоҷике, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм кушта шуданд, баён кардааст
2023-07-17T14:30+0500
2023-07-17T14:30+0500
2023-07-17T18:34+0500
дар тоҷикистон
русия
сафорат
интиқол
ҷасад
муҳоҷирони корӣ
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2e7e57a325396ccff930a06db96b2995.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи даргузашти ду ҷавони тоҷик дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм хабар дод.Ба иттилои сафорати кишвар, ду нафар ҷавони тоҷик 15 июли соли равон дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд. Намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия ҳамдардии худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуд.Сафорат таъкид кардааст, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд. Қайд карда шудааст, ки дар ҳодисаи мазкур, ҳамчунин, як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Зикр карда шудааст, ки ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар паи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла - ду ноболиғ ба ҳалокат расида буданд.
https://sputnik.tj/20230621/halokat-shahrvandon-tojikiston-sadama-qazoqiston-1057833027.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1871197509dec267331afbcbfdf3b8d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, интиқол, садама, русия, кушта шуда, нақлиётӣ, сафорат
тоҷикистон, интиқол, садама, русия, кушта шуда, нақлиётӣ, сафорат
Интиқоли ҷасади ду ҷавони тоҷики кушташуда дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба Ватан
14:30 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:34 17.07.2023) Сафорати кишвар дар Русия ҳамдардиашро ба наздикони ду муҳоҷири тоҷике, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм кушта шуданд, баён кардааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ахиран сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи даргузашти ду ҷавони тоҷик дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перм хабар дод.
Ба иттилои сафорати кишвар, ду нафар ҷавони тоҷик 15 июли соли равон дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия ҳамдардии худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуд.
Сафорат таъкид кардааст, ки бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳодисаи мазкур, ҳамчунин, як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Зикр карда шудааст, ки ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар паи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла - ду ноболиғ ба ҳалокат расида буданд.