https://sputnik.tj/20230716/natija-bozi-marhila-guruhi-jom-javoni-1058294812.html
Натиҷаи бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ
Натиҷаи бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ бори дуюм аст, ки мусобиқаи Ҷоми ҷавониро баргузор мекунад
2023-07-16T18:00+0500
2023-07-16T18:00+0500
2023-07-17T17:43+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
футбол
федератсияи футбол
мусобиқа
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102960/04/1029600413_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_f2c23c04cfa64b7a8a819a6b8ce0bdc6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ - 2023 тими ҷавонони артиш - КМВА дастаи ҷавонони"Истиқлол"-ро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод. Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:0 бар Куктош ва "Эсхата" бо ҳисоби 8:1 "Ҳосилот"-ро шикаст доданд. "Регар ТадАЗ" ба дарвозаи тими "Файзканд" 3 голи беҷавоб задааст. Маврид ба зикр аст, ки Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони лигаи олии чемпионати Тоҷикистон бори дуюм аст, ки мусобиқаи Ҷоми ҷавониро баргузор мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи "А" "Ҳосилот", "Файзканд", "Эсхата" ва "Регар-ТадАЗ" шомил гардиданд. Гурӯҳи "Б" аз "Хуҷанд", "Хатлон" ва "Куктош" иборат аст. Дар гурӯҳи "В" дастаҳои "Истиқлол", "Равшан" ва КМВА бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳ, инчунин дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм рақобат менамоянд. Барандаи ҷойи аввал бо 30 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд, таъкид намуд ФФТ. Ғолиби феълии мусобиқот тими ҷавонони "Истиқлол" мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.
https://sputnik.tj/20230702/tatil-futbol-tojikiston-1058032630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102960/04/1029600413_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_5e180227239bea0b7181ad6b4ddfb017.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шикаст, истиқлол, мусобиқа, ҷом, ҷавонӣ
шикаст, истиқлол, мусобиқа, ҷом, ҷавонӣ
Натиҷаи бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ
18:00 16.07.2023 (Навсозишуда: 17:43 17.07.2023) Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ бори дуюм аст, ки мусобиқаи Ҷоми ҷавониро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ - 2023 тими ҷавонони артиш - КМВА дастаи ҷавонони"Истиқлол"-ро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:0 бар Куктош ва "Эсхата" бо ҳисоби 8:1 "Ҳосилот"-ро шикаст доданд. "Регар ТадАЗ" ба дарвозаи тими "Файзканд" 3 голи беҷавоб задааст.
Маврид ба зикр аст, ки Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони лигаи олии чемпионати Тоҷикистон бори дуюм аст, ки мусобиқаи Ҷоми ҷавониро баргузор мекунад.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи "А" "Ҳосилот", "Файзканд", "Эсхата" ва "Регар-ТадАЗ" шомил гардиданд.
Гурӯҳи "Б" аз "Хуҷанд", "Хатлон" ва "Куктош" иборат аст. Дар гурӯҳи "В" дастаҳои "Истиқлол", "Равшан" ва КМВА бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ доир мешаванд.
Ғолибони гурӯҳ, инчунин дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд.
Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм рақобат менамоянд.
Барандаи ҷойи аввал бо 30 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд, таъкид намуд ФФТ.
Ғолиби феълии мусобиқот тими ҷавонони "Истиқлол" мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.