https://sputnik.tj/20230716/jalasa-komissiya-baynihukumati-tojikiston-turkmaniston-1058298072.html
Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон
Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Туркманистон омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишварро баррасӣ кардааст
2023-07-16T20:00+0500
2023-07-16T20:00+0500
2023-07-17T18:50+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
иқтисод
комиссия
иҷлосияи байниҳукуматӣ
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_a1cfc40f529cee0597196c777b1bf667.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар тирамоҳи соли равон дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмияш ба Туркманистон, бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов омодагӣ ба ин ҳамоишро баррасӣ намуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Душанбею Ишқобод азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд. Дар доираи сафараш ба Ишқобод, Муҳриддин бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов низ мулоқот карда, паёму таманниёти неки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонд. Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд. Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли равон зоҳир гардидаст.
https://sputnik.tj/20230716/afghonistonu-mashvarat-prezident-dushanbe-muhriddin-1058293482.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_130:0:1030:675_1920x0_80_0_0_27faef0748951dbd36014463d8706b11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаласа, комиссия, тоҷикистон, туркманистон, ду кишвар, баррасӣ
ҷаласа, комиссия, тоҷикистон, туркманистон, ду кишвар, баррасӣ
Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон
20:00 16.07.2023 (Навсозишуда: 18:50 17.07.2023) Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Туркманистон омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишварро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар тирамоҳи соли равон дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмияш ба Туркманистон, бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов омодагӣ ба ин ҳамоишро баррасӣ намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Душанбею Ишқобод азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд.
Дар доираи сафараш ба Ишқобод, Муҳриддин бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов низ мулоқот карда, паёму таманниёти неки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонд.
Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли равон зоҳир гардидаст.