https://sputnik.tj/20230716/afghonistonu-mashvarat-prezident-dushanbe-muhriddin-1058293482.html
Вазъи Афғонистону машварати президентҳо дар Душанбе: Муҳриддин дар Ишқобод аз чӣ гуфт?
Вазъи Афғонистону машварати президентҳо дар Душанбе: Муҳриддин дар Ишқобод аз чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 15-16 июли соли 2023 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Туркманистон баргузор шуда, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд
2023-07-16T13:00+0500
2023-07-16T13:00+0500
2023-07-16T19:47+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
туркманистон
мулоқот
сардор бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0e/1056461948_0:123:1280:843_1920x0_80_0_0_03b0fbcb7d4004c6fd05147c71b4c139.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон, Муҳриддин паёму таманниёти неки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро ба Бердимуҳаммадов расонд. Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд.Муҳриддин ҳамчунин бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов музокирот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон ибрози назар карданд.Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 зоҳир гардид.Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат масоили тайёрӣ ба вохӯрии ҷашнии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки қарор аст 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шаванд, муфассал баррасӣ карданд. Дар ин замина изҳори боварӣ гардид, ки саммитҳои дарпешистодаи Душанбе раванди рушди ҳамкориҳои минтақавиро сифатан мукаммал хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20230715/berdimuhammadov-safir-turkmaniston-tojikistonro-barkanor-1058280331.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0e/1056461948_8:0:1280:954_1920x0_80_0_0_45fbe48dff8c9a57016f0477ed06f8b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, тоҷик, туркманистон, мулоқот, тоҷикистон
вазир, тоҷик, туркманистон, мулоқот, тоҷикистон
Вазъи Афғонистону машварати президентҳо дар Душанбе: Муҳриддин дар Ишқобод аз чӣ гуфт?
13:00 16.07.2023 (Навсозишуда: 19:47 16.07.2023) Рӯзҳои 15-16 июли соли 2023 сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Туркманистон баргузор шуда, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, бо президенти кишвари мизбон, Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ Тоҷикистон, Муҳриддин паёму таманниёти неки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро ба Бердимуҳаммадов расонд.
Қайд гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Муҳриддин ҳамчунин бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов музокирот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон ибрози назар карданд.
Зимни музокирот таваҷҷуҳи вежа ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 зоҳир гардид.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат масоили тайёрӣ ба вохӯрии ҷашнии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки қарор аст 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шаванд, муфассал баррасӣ карданд.
Дар ин замина изҳори боварӣ гардид, ки саммитҳои дарпешистодаи Душанбе раванди рушди ҳамкориҳои минтақавиро сифатан мукаммал хоҳанд кард.