Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Маркази зилзиласанҷии Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Ӯзбекистон мегӯяд, заминҷунбии навбатӣ боз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ларзонд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминҷунбии навбатӣ рух дод, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии КҲФ Ӯзбекистон.
Бар хабари манбаъ, офати табиӣ боз ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайваст.
Манбаъ меафзояд, шиддати ҷунбиши замин ба 4 балл баробар буда, марказаш дар чуқурии 209 км ҷойгир буд. Заминҷунб соати 14:58 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт.
Ин дуюмин арзиши замин давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон мебошад.
Горы с высоты в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Дар Бадахшон боз замин ҷунбид: тафсилот
Қаблан, заминларза дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дар наздикиҳои қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (собиқ қуллаи Ленин) сабт шуда буд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо мунтазам зилзилаҳои қувваташон гуногун ба амал меоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар минтақаи Роштқалъа сели харобиовар сар зада буд.
Бар асари офати табиӣ биноҳои истикоматӣ, роҳу купрукҳо, инчунин заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.
Ташаккули кӯл бар асари сел ва талоши роҳсозӣ аз тариқи домонаи кӯҳ дар Роштқалъа
Гуфта мешавад, ки обхезӣ бар асари гармшавии шадид рух додааст, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара шудааст.
Лентаи хабарҳо
0