https://sputnik.tj/20230713/badakhshon-boz-zamin-junbid-tafsilot-1058239950.html
Дар Бадахшон боз замин ҷунбид: тафсилот
Дар Бадахшон боз замин ҷунбид: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Заминларза дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дар наздикиҳои қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (собиқ қуллаи Ленин) сабт шудааст
2023-07-13T10:39+0500
2023-07-13T10:39+0500
2023-07-13T10:39+0500
дар тоҷикистон
вмкб
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750463_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_780552a9865a304b591e6db1a18be8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз як заминларза рух дод. Тибқи иттилои маркази пешгӯии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, зилзила дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) сабт шудааст. Қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои ин ҳодиса ва осебдидагон иттилоъ надодааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо мунтазам зилзилаҳои қувваташон гуногун ба амал меоянд. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар минтақаи Роштқалъа сели харобиовар сар зада буд. Бар асари офати табиӣ биноҳои истикоматӣ, роҳу купрукҳо, инчунин заминҳои кишоварзӣ осеб диданд. Гуфта мешавад, ки обхезӣ бар асари гармшавии шадид рух додааст, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара шудааст.
https://sputnik.tj/20230629/tojikiston-zaminlarzai-shadid-rukh-1057982244.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750463_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_be666571aabba039c45e0d56aa97e963.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бадахшон замин ҷунбид тафсилот
бадахшон замин ҷунбид тафсилот
Дар Бадахшон боз замин ҷунбид: тафсилот
Заминларза дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дар наздикиҳои қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (собиқ қуллаи Ленин) сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз як заминларза рух дод.
Тибқи иттилои маркази пешгӯии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, зилзила дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) сабт шудааст.
Қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои ин ҳодиса ва осебдидагон иттилоъ надодааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо мунтазам зилзилаҳои қувваташон гуногун ба амал меоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар минтақаи Роштқалъа сели харобиовар сар зада буд.
Бар асари офати табиӣ биноҳои истикоматӣ, роҳу купрукҳо, инчунин заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.
Гуфта мешавад, ки обхезӣ бар асари гармшавии шадид рух додааст, ки боиси об шудани яху барфи кӯҳистонӣ ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Шоҳдара шудааст.