Дар Рашт ба ҳазор ятиму ниёзманд ройгон шаҳодатномаи таваллуд доданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаевсвидетельства о рождении
свидетельства о рождении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт хабар додааст, ки ба ҳазор кӯдаки ятиму ниёзманди ноҳияи Рашт шаҳодатномаи ройгони таваллуд дода шуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бо дастгирии Вазорати адлияи Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт дар шаш моҳи соли равон ба ҳазор кӯдаки ноҳияи Рашт шаҳодатномаҳои таваллуди ройгони тақдим кардааст.
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода ба АМИТ “Ховар” хабар додааст, ки ғайар аз шаҳодатномаҳои таваллуд туҳфаҳои хотиравӣ низ ба онҳо тақдим карда шудааст.
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт қайд кардааст, ки "дар асоси супоришҳои раисҷумҳури кишвар аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Рашт кӯдакони ятим, камбизоат, бесаробон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.
“Чанде қабл 1000 кӯдаки ниёзманд бо шаҳодатнома таъмин гардиданд”, - гуфт вай.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Таъсиси технопарк дар ноҳияи Рашт
Тибқи иттилои масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт, дар шаш моҳи имсол аз ҷониби мутахассисони бахш 1546 ҳолати таваллуд, 335 сабти никоҳ, 34 сабти фарзандхонӣ, 555 ҳолати муқаррар намудани падарӣ, 123 сабти ивази ному насаб, 250 сабти барқароркунии тавалуд ва 668 сабти такрорӣ ба қайд гирифта шуда.
Ҳамзамон хонум Нилуфар Мирзозода зикр кардааст, ки ба 1546 кӯдак тибқи анъанаи миллӣ ном гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0