https://sputnik.tj/20230715/orban-ukraina-sohibikhtiyori-dod-1058275207.html
Песков: ИМА Украинаро ба ҷанг тела медиҳад
Песков: ИМА Украинаро ба ҷанг тела медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Кремл иддаои сарвазири Маҷористонро, ки даргирӣ дар Украина замоне анҷом меёбад, ки инро Иёлоти Муттаҳиди Амрико бихоҳад, то ҷое дуруст хонд
2023-07-15T09:30+0500
2023-07-15T09:30+0500
2023-07-15T09:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
донбасс
таҳдид
има
дмитрий песков
маҷористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0b/1057670459_0:47:3108:1795_1920x0_80_0_0_39878b9d9ed5eea1817c981c9e8a8205.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кремл бо ин фикр розист, ки ИМА метавонанд ба низоъ дар Украина хотима бахшад, чун маҳз онҳо таъмингари силоҳ ҳастанд, изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков. "Маҳз ИМА Украинаро бо силоҳ таъмин мекунаду водор месозад, ки то охирин украинӣ биҷангад", - гуфт Песков.Ахиран сарвазири Маҷористон Виктор Орбан зимни суҳбат дар радиои "Kossuth" изҳор дошт, ки муноқиша дар Украина ҳамин ки Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, хотима меёбаду худи фардо сулҳ барқарор мешавад. Ӯ гуфт, чаро ИМА сулҳ намехоҳад, тамоми ҷаҳон сари ин масъала фикр дорад, чун Украина аллакай соҳибихтиёрии худро аз даст дода ва вазъ дар кишварро Ғарб, пеш аз ҳама ИМА муайян мекунанд. "Агар ИМА мегуфт, ки онҳо сулҳ мехоҳанд, биёед оташбас кунем ва гуфтушунидро оғоз кунем, ин субҳи дигар ба вуқӯъ меомад. Чаро амрикоиҳо инро намехоҳанд, мо дар нишасти НАТО посух нагирифтем”, - гуфт сиёсатмадор. Ба андешаи ӯ, қабул накардани Украина ба паймон қадами дуруст буд, зеро он ба ҷанги нав оварда мерасонид. Таъкид гардид, ки феълан Украина ҳам маблағ ва ҳам силоҳро аз ИМА ва Ғарб мегираду худаш на пул дорад, на саноати ҳарбӣ ва на иқтидори истеҳсолӣ.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ барои ҳимояи сокинони Донбассро эълон кард, ки ҳадафи онро ҳамчунин нозизудоӣ ва бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ арзёбӣ намуд.
https://sputnik.tj/20230711/kissinjer-ima-artish-ukraina-hamlaash-qrim-1058206502.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0b/1057670459_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_5bc868b9c503bbb0b8691bbc231baf32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, барангезанда, низоъ, украина, има
украина, барангезанда, низоъ, украина, има
Песков: ИМА Украинаро ба ҷанг тела медиҳад
Кремл иддаои сарвазири Маҷористонро, ки даргирӣ дар Украина замоне анҷом меёбад, ки инро Иёлоти Муттаҳиди Амрико бихоҳад, то ҷое дуруст хонд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кремл бо ин фикр розист, ки ИМА метавонанд ба низоъ дар Украина хотима бахшад, чун маҳз онҳо таъмингари силоҳ ҳастанд, изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Маҳз ИМА Украинаро бо силоҳ таъмин мекунаду водор месозад, ки то охирин украинӣ биҷангад", - гуфт Песков.
Ахиран сарвазири Маҷористон Виктор Орбан зимни суҳбат дар радиои "Kossuth" изҳор дошт, ки муноқиша дар Украина ҳамин ки Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, хотима меёбаду худи фардо сулҳ барқарор мешавад.
Ӯ гуфт, чаро ИМА сулҳ намехоҳад, тамоми ҷаҳон сари ин масъала фикр дорад, чун Украина аллакай соҳибихтиёрии худро аз даст дода ва вазъ дар кишварро Ғарб, пеш аз ҳама ИМА муайян мекунанд.
"Агар ИМА мегуфт, ки онҳо сулҳ мехоҳанд, биёед оташбас кунем ва гуфтушунидро оғоз кунем, ин субҳи дигар ба вуқӯъ меомад. Чаро амрикоиҳо инро намехоҳанд, мо дар нишасти НАТО посух нагирифтем”, - гуфт сиёсатмадор.
Ба андешаи ӯ, қабул накардани Украина ба паймон қадами дуруст буд, зеро он ба ҷанги нав оварда мерасонид. Таъкид гардид, ки феълан Украина ҳам маблағ ва ҳам силоҳро аз ИМА ва Ғарб мегираду худаш на пул дорад, на саноати ҳарбӣ ва на иқтидори истеҳсолӣ.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ барои ҳимояи сокинони Донбассро эълон кард, ки ҳадафи онро ҳамчунин нозизудоӣ ва бартараф кардани таҳдидҳои амниятӣ арзёбӣ намуд.