Нерӯҳои махсуси Русия тахрибгарони украиниро дар Запороже нобуд кард: видео

Обуна шудан
Нерӯҳои вижаи артиши Русия як гурӯҳи тахрибкорони украиниро, ки дар камарбанди ҷангал пинҳон шуда буданд, маҳв карданд
Артиши нерӯҳои мусаллаҳи Русия тахрибгарони ураиниро бо як зарбаи дақиқ фаро гирифт. Онҳо қасд доштанд ба такягоҳи Русия ҳамла кунанд, аммо фурсат наёфтанд", - хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вазорати дифоъ.
"Ба эҳтимоли зиёд мехостанд ба "такягоҳ"-и мо ҳамла кунанд, вале мо онҳоро ёфта нобуд кардем", - гуфт манбаъ.
Як рӯз пеш як гурӯҳи тахрибгарони украинӣ дар наздикии Вухледари ҶМД як мошин бо мардуми осоиштаро тирборон карданд.
Тибқи иттилои гурӯҳи сотсиологии украинии "Рейтинг", сокинони шаҳрҳои таҳти назорати Украина дар сурати ташдид шудани вазъ дар наздикии минтақаи онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пайвастанӣ нестанд ва инчунин нияти тарк кардани макони худро надоранд.
Киев дар самти Донетск 315 нафарро дар як рӯз талаф дод
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0