Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев дар самти Донетск 315 нафарро дар як рӯз талаф дод

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкИнтенсивная подготовка разведчиков группировки "Юг" из числа военнослужащих ВС РФ на полигоне в ДНР
Интенсивная подготовка разведчиков группировки Юг из числа военнослужащих ВС РФ на полигоне в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия аз дастоварди якрӯзаи артиши ин кишвар дар маҳалли амалиёт гузориш дода, аз талафоти зиёди нерӯҳи Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, дар самти Донетск талафоти низомиёни украинӣ дар як рӯз 315 нафарро ташкил додааст.
Ин ниҳод қайд кард, ки дар давоми рӯз нерӯҳои мусаллаҳи Украина кӯшиши ҳамла ба самтҳои Донетск, Краснолиманск ва Южнодонетск карданд.
Аз ҷумла, вазорат тавзеҳ додааст, ки дар самти Донетск дар натиҷаи амалиёти муташаккили воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" 17 ҳамлаи душман дар мавзеъҳои аҳолинишини Северное, Курдюмовка, Новомихайловка, Маринка, Клешеевка, Малоилииновкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Белогоровкаи Ҷумҳурии мардумии Луганск бомуваффақият рафъ карда шуд.
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ҳамлаи низомиёни Украинаро дар самти Запороже пешгирӣ кард
Илова бар ин, дар мавзеи Курдюмовка фаъолияти тахрибкоронаи нерӯҳои украинӣ боздошта шуд.
"Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ талафоти душман 315 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, се мошини боркаш ва ҳамчунин як гаубитсаи D-30-ро ташкил додааст", - гуфт вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0