https://sputnik.tj/20230715/medvedev-jonson-bistari-bemorkhona-ruhi-1058283320.html
Медведев гуфт, Ҷонсон бояд бистарии беморхонаи рӯҳӣ шавад
Медведев гуфт, Ҷонсон бояд бистарии беморхонаи рӯҳӣ шавад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини Шӯрои амнияти Русия пас аз суханронии собиқ нахуствазири Британия дар бораи қабули Киев ба НАТО пешниҳод кард, ки ӯро бистарии беморхонаи рӯҳӣ кунанд
2023-07-15T19:00+0500
2023-07-15T19:00+0500
2023-07-15T19:00+0500
русия
дмитрий медведев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032660183_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_56e0d6c949fef2f548fe676ef8de71a9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Борис Ҷонсон, нахуствазири собиқи Бритониё, пас аз пешниҳоди бидуни шарт қабул кардани Украина ба НАТО бояд ба бемористони рӯҳӣ фиристода шавад, гуфт муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев дар Телеграмми худ.Қаблан Ҷонсон дар матлабе барои рӯзномаи Daily Mail зарурати қабули Украина ба узвияти НАТО-ро бидуни ҳеҷ шарт ва ҳарчи зудтар изҳор карда буд.Ёдовар мешавем, дар ҷаласаи Вилнюс, ки 11-12 июн баргузор гардид, масъалаи пайвастани Украина ба НАТО ҳалли худро пайдо накард.Дар охири моҳи сентябри соли 2022 Владимир Зеленский эълон кард, ки Украина барои пайвастан ба НАТО ба таври фаврӣ муроҷиат мекунад.Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремл дархости Зеленский дар бораи пайвастани Украина ба НАТО ва ҳамчунин вокунишҳои мухталифро ба он шунидааст.Ба гуфтаи ӯ, Маскав вазъро бодиққат назорат мекунад ва дар хотир дорад, ки маҳз тамоюли Киев ба эътилоф яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина шуда буд.
https://sputnik.tj/20230711/bayden-qabul-ukraina-uzviyati-nato-jang-rusiya-1058199828.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/14/1032660183_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_35a9a70a631ad4471193528937809cb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷонсон медведев
Медведев гуфт, Ҷонсон бояд бистарии беморхонаи рӯҳӣ шавад
Муовини Шӯрои амнияти Русия пас аз суханронии собиқ нахуствазири Британия дар бораи қабули Киев ба НАТО пешниҳод кард, ки ӯро бистарии беморхонаи рӯҳӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Борис Ҷонсон, нахуствазири собиқи Бритониё, пас аз пешниҳоди бидуни шарт қабул кардани Украина ба НАТО бояд ба бемористони рӯҳӣ фиристода шавад, гуфт муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев дар Телеграмми худ.
"Ӯ, як аблаҳи бознишаста, бояд бидуни шароит ба беморхонаи равонпизишкӣ қабул карда шавад. Дар он ҷо ӯ метавонад талаби ҷанги саввуми ҷаҳонӣ кунад", - навиштааст Медведев.
Қаблан Ҷонсон дар матлабе барои рӯзномаи Daily Mail зарурати қабули Украина ба узвияти НАТО-ро бидуни ҳеҷ шарт ва ҳарчи зудтар изҳор карда буд.
Ёдовар мешавем, дар ҷаласаи Вилнюс, ки 11-12 июн баргузор гардид, масъалаи пайвастани Украина ба НАТО ҳалли худро пайдо накард.
Дар охири моҳи сентябри соли 2022 Владимир Зеленский эълон кард, ки Украина барои пайвастан ба НАТО ба таври фаврӣ муроҷиат мекунад.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Кремл дархости Зеленский дар бораи пайвастани Украина ба НАТО ва ҳамчунин вокунишҳои мухталифро ба он шунидааст.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав вазъро бодиққат назорат мекунад ва дар хотир дорад, ки маҳз тамоюли Киев ба эътилоф яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина шуда буд.