https://sputnik.tj/20230523/rusiya-tojikiston-kayhon-hamkori-1057302296.html
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
"Роскосмос" пас аз тасвиби тарҳи созишнома аз ҷониби Девони вазирони Русия дастур гирифтааст, ки ин санади ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро имзо кунад
2023-05-23T12:55+0500
2023-05-23T12:55+0500
2023-05-23T12:55+0500
дар русия
ҳамкорӣ
илм ва фанноварӣ
кайҳон
роскосмос
марказ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057299911_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_bb31a151cc79a9b3e05781b5fad79da3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст, таъкид шудааст дар дастури нашркардаи девон. Бар асоси ин санад, Девони вазирони Федератсияи Русия ба корпоратсияи давлатии бахши кайҳон, "Роскосмос" дастур дод, ки пас аз баррасӣ созишномаро имзо кунад. Тарҳи мазкур марбути ҳамкорӣ "дар сохаи тадқик ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон" дахл дорад. Дар ҳуҷҷат омадааст, лоиҳаи "Роскосмос", ки бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаст, ҷонибдорӣ карда шавад. Девони вазирон "Роскосмос"-ро муваззаф кардааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Федератсияи Русия имзо кунад. Қаблан хабар дода шуд, ки Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва "Роскосмос" тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар бахши кайҳонро омода мекунанд Таъкид шудааст, ки санади мазкур қариб 10 самти кори муштаракро дар бар мегирад, ки таҳқиқи кайҳон бо аҳдофи осоишта, омодасозии мутахассисону назорати Заминро фаро мегирад. Маврид ба зикр аст, ки феълан яке аз маҷмааҳои муосиру муассири ҷаҳонӣ дар бахши кайҳон - "Окно" дар Тоҷикистон дар ихтиёри Русия қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230523/dushanbe-istifoda-tekhnologiya-hastai-1057298968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057299911_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_ba14bfc12f559e93f52d2ec41a861d65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасдиқ, тарҳ, созишнома, ҳамкорӣ
тасдиқ, тарҳ, созишнома, ҳамкорӣ
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон ҳамкорӣ мекунанд
"Роскосмос" пас аз тасвиби тарҳи созишнома аз ҷониби Девони вазирони Русия дастур гирифтааст, ки ин санади ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро имзо кунад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кардааст, таъкид шудааст дар дастури нашркардаи девон.
Бар асоси ин санад, Девони вазирони Федератсияи Русия ба корпоратсияи давлатии бахши кайҳон, "Роскосмос" дастур дод, ки пас аз баррасӣ созишномаро имзо кунад.
Тарҳи мазкур марбути ҳамкорӣ "дар сохаи тадқик ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон" дахл дорад.
Дар ҳуҷҷат омадааст, лоиҳаи "Роскосмос", ки бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаст, ҷонибдорӣ карда шавад.
Девони вазирон "Роскосмос"-ро муваззаф кардааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, созишномаи мазкурро аз номи ҳукумати Федератсияи Русия имзо кунад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва "Роскосмос" тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар бахши кайҳонро омода мекунанд
Таъкид шудааст, ки санади мазкур қариб 10 самти кори муштаракро дар бар мегирад, ки таҳқиқи кайҳон бо аҳдофи осоишта, омодасозии мутахассисону назорати Заминро фаро мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан яке аз маҷмааҳои муосиру муассири ҷаҳонӣ дар бахши кайҳон - "Окно" дар Тоҷикистон дар ихтиёри Русия қарор дорад.