https://sputnik.tj/20230714/istefoi-vaziri-moldova-tirandozii-ashurov-1058271495.html
Истеъфои вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи тирандозии Ашӯров дар фурудгоҳ
Истеъфои вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи тирандозии Ашӯров дар фурудгоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Молдова рӯзи 17 июл ба раисиҷумҳури кишвар рӯйхати номзадҳоро ба курсиҳои холишудаи вазирӣ дар ҳукуматро пешниҳод мекунад
2023-07-14T18:55+0500
2023-07-14T18:55+0500
2023-07-14T18:55+0500
дар ҷаҳон
молдова
истеъфо
вазир
кишинёв
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058267725_0:11:2730:1547_1920x0_80_0_0_83b885fb4bc6d7d6dee8e2bcfdd8a95c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар пасманзари моҷарои тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв се вазир аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Дар ин бора сарвазири Молдова Дорин Речан хабар дод. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки вазири корҳои дохилии кишвар Анна Ревенко, вазири инфрасохтор Лилия Дабижа ва ҳамчунин вазири маориф ва таҳқиқот Анатолий Топале мақомҳои худро тарк кардаанд. Ба ин тартиб, нахуствазир гуфт, ки рӯзи 17 июл ба раисиҷумҳури Молдова Майя Санду рӯйхати номзадҳоро ба курсиҳои холии вазирӣ пешниҳод хоҳад кард. Қаблан мухолифини Молдова хостори истеъфои раҳбарияти ниҳодҳои интизомӣ дар робита ба ин фоҷеа шуда буданд. Инчунин, як катор аҳзоби мухолиф, аз ҷумла сотсиалистҳо, коммунистҳо, либерал-демократҳо, истеъфои сарвазири Молдова Дорин Речанро талаб карда буданд. Маврид ба зикр аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон, Рустам Ашӯров, 30 июн дар фурудгоҳи пойтахти Молдова 2 маъмури амниятиро паронд ва зимни амалиёти ҷавобӣ таслим нашуду маҷруҳ гардид ва баъдан дар беморхона фавтид. Мақомоти Молдова мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ замоне рух дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул ворид шуд, ба кишвар роҳ надоданд.Дар ҷараёни бозгашт Рустам Ашӯров таппончаи як афсари пулисро гирифта, ба тирандозӣ гузашт, ки дар пайи он як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳро кушта шуд.Гуфта мешавад, ки Ашӯров қаблан дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7 сол хизмат мекард, аммо барои рафтори ношоиста аз мақом барканор шудааст. Ҳамчунин вай барои роҳзанӣ маҳкум шудааст.
https://sputnik.tj/20230703/sobiq-milisa-mahbus-ashurov-tirandoz-kishinyov-1058054480.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058267725_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_e35d5aee05d99211aac5cbd21b919330.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барканорӣ, вазирон, тирандозӣ, фурудгоҳ, ҳукумат
барканорӣ, вазирон, тирандозӣ, фурудгоҳ, ҳукумат
Истеъфои вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи тирандозии Ашӯров дар фурудгоҳ
Нахуствазири Молдова рӯзи 17 июл ба раисиҷумҳури кишвар рӯйхати номзадҳоро ба курсиҳои холишудаи вазирӣ дар ҳукуматро пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар пасманзари моҷарои тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв се вазир аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Дар ин бора сарвазири Молдова Дорин Речан хабар дод.
Аз ҷумла хабар дода шуд, ки вазири корҳои дохилии кишвар Анна Ревенко, вазири инфрасохтор Лилия Дабижа ва ҳамчунин вазири маориф ва таҳқиқот Анатолий Топале мақомҳои худро тарк кардаанд.
Ба ин тартиб, нахуствазир гуфт, ки рӯзи 17 июл ба раисиҷумҳури Молдова Майя Санду рӯйхати номзадҳоро ба курсиҳои холии вазирӣ пешниҳод хоҳад кард.
Қаблан мухолифини Молдова хостори истеъфои раҳбарияти ниҳодҳои интизомӣ дар робита ба ин фоҷеа шуда буданд.
Инчунин, як катор аҳзоби мухолиф, аз ҷумла сотсиалистҳо, коммунистҳо, либерал-демократҳо, истеъфои сарвазири Молдова Дорин Речанро талаб карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон, Рустам Ашӯров, 30 июн дар фурудгоҳи пойтахти Молдова 2 маъмури амниятиро паронд ва зимни амалиёти ҷавобӣ таслим нашуду маҷруҳ гардид ва баъдан дар беморхона фавтид.
Мақомоти Молдова мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ замоне рух дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул ворид шуд, ба кишвар роҳ надоданд.
Дар ҷараёни бозгашт Рустам Ашӯров таппончаи як афсари пулисро гирифта, ба тирандозӣ гузашт, ки дар пайи он як марзбон ва як афсари амнияти фурудгоҳро кушта шуд.
Гуфта мешавад, ки Ашӯров қаблан дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7 сол хизмат мекард, аммо барои рафтори ношоиста аз мақом барканор шудааст. Ҳамчунин вай барои роҳзанӣ маҳкум шудааст.