https://sputnik.tj/20230714/ishtirok-olimon-tojik-hafriyot-paleontologi-orenburg-1058266983.html
Иштироки олимони тоҷик дар ҳафриёти палеонтологӣ дар Оренбург
Иштироки олимони тоҷик дар ҳафриёти палеонтологӣ дар Оренбург
Sputnik Тоҷикистон
Лагери илмӣ дар ноҳияи Орск воқеъ буда, ки дар он ҷо 16 скелети плезиозавр, дандонҳои зиёди химер ва наҳангҳои қадимӣ ва зиреҳпӯшҳои сангпушт ёфт шудаанд
2023-07-14T14:35+0500
2023-07-14T14:35+0500
2023-07-14T14:35+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
омӯзиш
таҳқиқот
ҳафриёт
оренбург
русский мир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058262032_0:114:969:659_1920x0_80_0_0_0d61fa64e2a29ebc2d898ee78338b218.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Олимони Тоҷикистон дар омӯзишҳои палеонтологӣ дар минтақаи Оренбурги Русия ширкат мекунанд. Дар ин бора "Хонаи русӣ" дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки созмондиҳандаи ин ҳафриёт Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия мебошад. Қайд карда мешавад, ки географ, геолог, биолог ва палеонтологҳо дар лагери "Парки давраи қадим дар Урали Ҷанубӣ" мебошанд. Ҳамин тавр, дар омӯзишҳои илмӣ ба ҷуз тоҷикон, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Сербистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Муғулистон низ иштирок мекунанд. Дар доираи барномаи "Насли нав"-и "Россотрудничество" онҳо бозёфтҳоро меомӯзанд, табодули таҷриба ва дониш мекунанд. "Ин кори хеле шавқова аст - мо боқимондаҳои стегозаврҳо ва наҳангҳоро кофта ва меомӯзем, ки 80-100 млн сол пеш аз байн рафтаанд", - гуфт геологи тоҷик Шерзод Абдулов. Вай инчунин дар бораи шароити иқомату кор ва иқлими минтақаи фаъолияташон суҳбат кард. "Мо дар бошишгоҳи саҳроӣ кору зиндагӣ мекунем. Ҳоло ҳавои гарм +45 дараҷаӣ фаро гирифтааст, аммо ин мо олимонро бознамедорад", - таъкид кард муҳаққиқ. Лагери таҳқиқотӣ дар вилояти Орск ҷойгир аст, ки дар он ҷо қаблан 16 скелети плезиозавр, дандонҳои зиёди химераю наҳангҳои қадимӣ ва пушти боқимондаи сангпуштҳо, пораҳои скелетҳои мозазаврҳо ва птерозаврхо ёфт шуданд.Макони беназири фаунаи давраи мезазой бештар аз 10 сол пеш кашф шуда буд. Таҳқиқотҳои олимон метавонанд оғози осорхонаи палеонтологии Оренбург шуда метавонад.
https://sputnik.tj/20230607/kashf-qabr-guruh-qablazislom-zardushti-panjakent-1057608814.html
оренбург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058262032_0:0:879:659_1920x0_80_0_0_b178d2cbb6499471484a0475ee75ed21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омӯзиш, олимон, тоҷик, оренбург, дандон, наҳанг
омӯзиш, олимон, тоҷик, оренбург, дандон, наҳанг
Иштироки олимони тоҷик дар ҳафриёти палеонтологӣ дар Оренбург
Лагери илмӣ дар ноҳияи Орск воқеъ буда, ки дар он ҷо 16 скелети плезиозавр, дандонҳои зиёди химер ва наҳангҳои қадимӣ ва зиреҳпӯшҳои сангпушт ёфт шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Олимони Тоҷикистон дар омӯзишҳои палеонтологӣ дар минтақаи Оренбурги Русия ширкат мекунанд.
Дар ин бора "Хонаи русӣ" дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки созмондиҳандаи ин ҳафриёт Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия мебошад.
Қайд карда мешавад, ки географ, геолог, биолог ва палеонтологҳо дар лагери "Парки давраи қадим дар Урали Ҷанубӣ" мебошанд.
Ҳамин тавр, дар омӯзишҳои илмӣ ба ҷуз тоҷикон, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Сербистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Муғулистон низ иштирок мекунанд.
Дар доираи барномаи "Насли нав"-и "Россотрудничество" онҳо бозёфтҳоро меомӯзанд, табодули таҷриба ва дониш мекунанд.
"Ин кори хеле шавқова аст - мо боқимондаҳои стегозаврҳо ва наҳангҳоро кофта ва меомӯзем, ки 80-100 млн сол пеш аз байн рафтаанд", - гуфт геологи тоҷик Шерзод Абдулов.
Вай инчунин дар бораи шароити иқомату кор ва иқлими минтақаи фаъолияташон суҳбат кард.
"Мо дар бошишгоҳи саҳроӣ кору зиндагӣ мекунем. Ҳоло ҳавои гарм +45 дараҷаӣ фаро гирифтааст, аммо ин мо олимонро бознамедорад", - таъкид кард муҳаққиқ.
Лагери таҳқиқотӣ дар вилояти Орск ҷойгир аст, ки дар он ҷо қаблан 16 скелети плезиозавр, дандонҳои зиёди химераю наҳангҳои қадимӣ ва пушти боқимондаи сангпуштҳо, пораҳои скелетҳои мозазаврҳо ва птерозаврхо ёфт шуданд.
Макони беназири фаунаи давраи мезазой бештар аз 10 сол пеш кашф шуда буд. Таҳқиқотҳои олимон метавонанд оғози осорхонаи палеонтологии Оренбург шуда метавонад.