https://sputnik.tj/20230607/kashf-qabr-guruh-qablazislom-zardushti-panjakent-1057608814.html
Кашфи қабри гуруҳии қаблазисломӣ - зардуштӣ дар Панҷакент
Кашфи қабри гуруҳии қаблазисломӣ - зардуштӣ дар Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи муроҷиати як сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент дар ин минтақа ёдгории арзишманди бостонӣ ёфт шуд, иттилоъ додан пажуҳишгарони тоҷик
2023-06-07T19:25+0500
2023-06-07T19:25+0500
2023-06-07T20:42+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
қабр
панҷакент
омӯзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057604900_0:22:884:519_1920x0_80_0_0_e8e0d6238f712d888854d372f35a3a62.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи замин дар қисмати ҷанубии деҳаи Олимободи ҷамоати Фароб сағона ёфтааст. Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ёдгории арзишманд дар пайи иттилои як нафар сокини деҳа ёфт шудааст. Манбаъ афзуд, бо дастури роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, бостоншиносон, номзадҳои илми таърих Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлодов ба деҳаи Фароб сафар карда, ин бозёфи таърихиро омӯхтаанд. Таъкид шудааст, ки тибқи хулосаи аввалияи олимон он новус ё худ сағона- қабри гурӯҳии замони пеш аз ислом буда, шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Новус аз чанд токча, ки дар онҳо устухондон ва ё хумҳои устухондор ҷойгир аст, иборат мебошад, омадааст дар иттилоия. Ба таъкиди бостоншиносон чунин сағона дар қисмати куҳистонии Суғди бостон бори аввал дарёфт шуда, он аз дигар бозёфтҳои маросими дафни зардуштӣ фарқ мекунад.Маврид ба зикр аст, ки дар доманакӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон як гурӯҳи олимони рус ва тоҷик экспедитсияи геоархеологӣ анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи ходими пешбари факултети ҷуғрофиёи Донишгоҳи Маскав, Раҷаб Қурбонов кофтуковҳо дар мавзеъҳои палеолити ҷангалӣ соли шашум аст, ки идома доранд."Олотҳои зиёди сангӣ вуҷуд доранд, ки ба ғайр аз одам ҳеҷ як раванди геологӣ ба ин минтақаҳо оварда наметавонист", - гуфт ӯ. Вазифа аз он иборат аст, ки маҷмааи нави донишҳо дар бораи саноати санг ва анҷом додани як қатор таҳлилҳои илмии табиатшиносӣ ба даст оянд, таъкид намуд пажуҳишгар.
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057604900_115:0:835:540_1920x0_80_0_0_391482631d6c15eb9abb903a16181c32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент, ёдгорӣ, таърихӣ, арзишманд, кашф
панҷакент, ёдгорӣ, таърихӣ, арзишманд, кашф
Кашфи қабри гуруҳии қаблазисломӣ - зардуштӣ дар Панҷакент
19:25 07.06.2023 (Навсозишуда: 20:42 07.06.2023) Дар пайи муроҷиати як сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент дар ин минтақа ёдгории арзишманди бостонӣ ёфт шуд, иттилоъ додан пажуҳишгарони тоҷик
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи замин дар қисмати ҷанубии деҳаи Олимободи ҷамоати Фароб сағона ёфтааст.
Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ёдгории арзишманд дар пайи иттилои як нафар сокини деҳа ёфт шудааст.
Манбаъ афзуд, бо дастури роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, бостоншиносон, номзадҳои илми таърих Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлодов ба деҳаи Фароб сафар карда, ин бозёфи таърихиро омӯхтаанд.
Таъкид шудааст, ки тибқи хулосаи аввалияи олимон он новус ё худ сағона- қабри гурӯҳии замони пеш аз ислом буда, шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад.
Новус аз чанд токча, ки дар онҳо устухондон ва ё хумҳои устухондор ҷойгир аст, иборат мебошад, омадааст дар иттилоия.
Ба таъкиди бостоншиносон чунин сағона дар қисмати куҳистонии Суғди бостон бори аввал дарёфт шуда, он аз дигар бозёфтҳои маросими дафни зардуштӣ фарқ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доманакӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон як гурӯҳи олимони рус ва тоҷик экспедитсияи геоархеологӣ анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи ходими пешбари факултети ҷуғрофиёи Донишгоҳи Маскав, Раҷаб Қурбонов кофтуковҳо дар мавзеъҳои палеолити ҷангалӣ соли шашум аст, ки идома доранд.
"Олотҳои зиёди сангӣ вуҷуд доранд, ки ба ғайр аз одам ҳеҷ як раванди геологӣ ба ин минтақаҳо оварда наметавонист", - гуфт ӯ.
Вазифа аз он иборат аст, ки маҷмааи нави донишҳо дар бораи саноати санг ва анҷом додани як қатор таҳлилҳои илмии табиатшиносӣ ба даст оянд, таъкид намуд пажуҳишгар.