Толибон*: Нигаронии кишварҳо аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон беҷо аст

© AFP 2023 / NOORULLAH SHIRZADAПоле опийного мака. Архивное фото
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Толибон* зимни таъкиди ваъда мубориза бо тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон нигаронии дигар кишварҳоро бе маврид хонд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Муовини сухангӯи гурӯҳи толибон* Билол Каримӣ ахиран муддаӣ шуд, ки бархе кишварҳо бо номи нигаронӣ аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистони истифода абзорӣ мекунанд, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Вай афзуд, дар ҳоле, ки кишти хашхош дар Афғонистон ба сифр расида ва ҷилави тавлид, қочоқу хариду фурӯши анвоъи маводи мухаддири гирифта шудааст.
“Бархе кишварҳо ба дур аз воқеиятҳои айни ҳол, ба гӯнаи номуваҷҷеҳ аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар иброз нигаронӣ мекунанд”, - таъкид кард ӯ.
Муовини сухангӯӣ толибон* мегӯяд, матраҳ сохтани ин нигарониҳо реша дар аҳдофи дигари ин кишварҳо дорад то аз ин тариқ бар ҳукумати ин гурӯҳ ба унвони абзори фишор истифода кунанд.
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Ҳушдори СММ дар хусуси афзоиши кишвт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон
Каримӣ муддаӣ шуд, ки 98% шаҳрвандон фармони раҳбари толибонро мабнӣ бар манъи кишт, тавлиду хариду фурӯши маводи мухаддирро риоят кардаанду кишти ғайриқонӯнӣ ва махфиёна дар бархе манотиқ низ тавассути неруҳои амниятии толибони нобуд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Сухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид чанде пеш гуфта буд, ки дар ояндаи наздик кишти маводи мухаддир ба сифр хоҳад расид.
Ин дар ҳолест, ки қаблан СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
* - Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0