Раҳмон сафир дар Испанияро барканор карду ба сафир дар Шветсария вазифаи нав дод

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумури кишвар бо ду фармонаш сафири Тоҷикистон дар Испанияро аз вазифа озод карду ба сафири кишвар дар Швейтсария вазифаи нав дод
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич аз вазифааш озод карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, Ҳомидов Ҷамшед бино бар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шудаааст.
Ҳамзамон бо фармони дигари президенти кишвар сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева таъин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май раисҷумҳури кишвар чандин сафиронро аз кор озод карду дар ҷойи онҳо сафирони нав таъйин карда буд.
Ҳамзамон қаблан Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева озод гардида, ҷойашро Шерализода Шараф Аҳмадҷон гирифта буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Сардори БДА ва сохторҳояш иваз шуданд: Раҳмон хост, сафи ин ниҳод тоза карда шавад
Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи май сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия аз вазифа озод карда буд.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, сафири нав дар Белорус, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ таъйин шуда буд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон Раҳматуллозода Эркинхон низ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафир дар Шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Нидерландия, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ - НАТО озод гардид.
Ҳусейнзода Музафар Маҳмурод, ки муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон буд, сафир дар шоҳигарии Белгия таъйин шуд.
Шарифзода Фаррух Ҳомиддин низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафир дар Туркманистон озод гардида бо ҷояш Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0