https://sputnik.tj/20230711/volodin-lahiston-siloh-jinoyatkori-kiev-muttaham-1058192099.html
Володин Лаҳистонро дар таъмини силоҳ барои ҷинояткориҳои Киев муттаҳам кард
Володин Лаҳистонро дар таъмини силоҳ барои ҷинояткориҳои Киев муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Думаи давлатии Русия бар ин бовар аст, ки мақомоти Варшава бо таъмини Украина бо силоҳ ба хотираи қурбониёни фоҷиаи Волин хиёнат мекунанд
2023-07-11T11:42+0500
2023-07-11T11:42+0500
2023-07-11T18:03+0500
дар русия
сиёсат
лаҳистон
думаи давлатӣ
украина
аслиҳа
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058190843_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e5dfc436802ac6820dda535e5333a366.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Варшава ба режими Киев барои ҷиноятҳои нав бастаҳои нави силоҳ медиҳад. Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин дар саҳифааш дар Telegram баён доштааст. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори рус, Лаҳистон бо аъмоли худ ба хотираи қурбониёни куштори Волин хиёнат мекунад. Вай ёдовар шуд, ки ин рӯзи сешанбеи 11 июл Рӯзи ёдбуди қурбониёни куштори Волин дар Украинаи Ғарбӣ мебошад, ки аз ҷониби бандериҳо аҳолии лаҳистонӣ нобуд карда шуда буданд. Дар давоми солҳои 1943—1944 даҳҳо ҳазор одамон — занон, бачагон ва пиронсолон ваҳшиёна кушта шуданд, қайд намуд раиси Думаи давлатӣ. "Варшава ба хотираи қурбониёни фоҷиаи Волин хиёнат карда, ба режими Киев мунтазам бастаҳои аслиҳа барои ҷиноятҳои нав медихад", - гуфт ӯ. Вай афзуд, ки лаҳистониҳоро зинда сӯзонданд, бо табару чӯб зада, дар чоҳҳо ғарқ карданд. "Ин ҳама ваҳшигариҳо бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, шоҳидони айнӣ, эътирофи худи ҷинояткорон тасдиқ карда мешавад", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи Володин, кушторро аъзои Созмони миллатгароёни Украина* ва қисми низомии он Артиши исёнгарони Украина* содир кардаанд. Вақти он расидааст, ки давлатҳои аъзои НАТО дарк кунанд, ки онҳо чӣ гуна хатои даҳшатангез содир мекунанд, илова намуд Володин. Вай ёдовар шуд, ки дастгирӣ аз ноозигароӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта, боиси ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гардид. * Ташкилотҳои экстремистӣ, ки дар Русия мамнӯъ шудаанд.
https://sputnik.tj/20230711/namoyanda-rusiya-vena-ima-ukraina-maghlub-1058190323.html
лаҳистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058190843_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_00639471129bcd9a8c9ce3c828637353.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин, думаи давлатӣ, лаҳистон, қурбониён, хиёнат
володин, думаи давлатӣ, лаҳистон, қурбониён, хиёнат
Володин Лаҳистонро дар таъмини силоҳ барои ҷинояткориҳои Киев муттаҳам кард
11:42 11.07.2023 (Навсозишуда: 18:03 11.07.2023) Роҳбари Думаи давлатии Русия бар ин бовар аст, ки мақомоти Варшава бо таъмини Украина бо силоҳ ба хотираи қурбониёни фоҷиаи Волин хиёнат мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Варшава ба режими Киев барои ҷиноятҳои нав бастаҳои нави силоҳ медиҳад.
Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин дар саҳифааш дар Telegram баён доштааст.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори рус, Лаҳистон бо аъмоли худ ба хотираи қурбониёни куштори Волин хиёнат мекунад.
Вай ёдовар шуд, ки ин рӯзи сешанбеи 11 июл Рӯзи ёдбуди қурбониёни куштори Волин дар Украинаи Ғарбӣ мебошад, ки аз ҷониби бандериҳо аҳолии лаҳистонӣ нобуд карда шуда буданд.
Дар давоми солҳои 1943—1944 даҳҳо ҳазор одамон — занон, бачагон ва пиронсолон ваҳшиёна кушта шуданд, қайд намуд раиси Думаи давлатӣ.
"Варшава ба хотираи қурбониёни фоҷиаи Волин хиёнат карда, ба режими Киев мунтазам бастаҳои аслиҳа барои ҷиноятҳои нав медихад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки лаҳистониҳоро зинда сӯзонданд, бо табару чӯб зада, дар чоҳҳо ғарқ карданд.
"Ин ҳама ваҳшигариҳо бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, шоҳидони айнӣ, эътирофи худи ҷинояткорон тасдиқ карда мешавад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Володин, кушторро аъзои Созмони миллатгароёни Украина* ва қисми низомии он Артиши исёнгарони Украина* содир кардаанд.
Вақти он расидааст, ки давлатҳои аъзои НАТО дарк кунанд, ки онҳо чӣ гуна хатои даҳшатангез содир мекунанд, илова намуд Володин.
Вай ёдовар шуд, ки дастгирӣ аз ноозигароӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта, боиси ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гардид.
* Ташкилотҳои экстремистӣ, ки дар Русия мамнӯъ шудаанд.