https://sputnik.tj/20230711/taghyiroti-kadri-dar-hukumati-khatlon-1058205522.html
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар мувофиқа бо роҳбари вилояти Хатлон дар Раёсати фарҳанг ва Раёсати ҷавонон ва варзиши минтақа тағйироти кадрӣ шуда, роҳбарони нав таъйин гардиданд
2023-07-11T18:01+0500
2023-07-11T18:01+0500
2023-07-11T18:18+0500
дар тоҷикистон
хатлон
тағйирот
кадрӣ
вазифа
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими муаррифии сардори нави Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки роҳбари нави Раёсати фарҳангро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ муаррифӣ намуд. Ба иттилои манбаъ, барои аҳли фарҳанги вилоят хабар дода шуд, ки ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан ба мақоми сардори Раёсати фарҳанг таъйин шудааст. Тавзеҳ дода шуд, ки таъйиноти мазкур дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид амалӣ гардид. Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, Мустафои Ватан то ҳол роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.Зикр гардидааст, ки қаблан роҳбарии Раёсати фарҳанги Хатлонро Рамазон Насриддинзода ба уҳда дошт, ки ахиран ба далели гузштан ба кори дигар аз ин вазифа барканор шудааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ додааст, ки Рамазон Насриддинзода ба мақоми сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин гардид.
https://sputnik.tj/20230704/rahmon-safir-tojikiston-ozarboyjon-barkanor-1058059371.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, роҳбарон, хатлон, тағйирот, кадрӣ
таъйин, роҳбарон, хатлон, тағйирот, кадрӣ
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон
18:01 11.07.2023 (Навсозишуда: 18:18 11.07.2023) Дар мувофиқа бо роҳбари вилояти Хатлон дар Раёсати фарҳанг ва Раёсати ҷавонон ва варзиши минтақа тағйироти кадрӣ шуда, роҳбарони нав таъйин гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими муаррифии сардори нави Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки роҳбари нави Раёсати фарҳангро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ муаррифӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, барои аҳли фарҳанги вилоят хабар дода шуд, ки ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан ба мақоми сардори Раёсати фарҳанг таъйин шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки таъйиноти мазкур дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид амалӣ гардид.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, Мустафои Ватан то ҳол роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.
Зикр гардидааст, ки қаблан роҳбарии Раёсати фарҳанги Хатлонро Рамазон Насриддинзода ба уҳда дошт, ки ахиран ба далели гузштан ба кори дигар аз ин вазифа барканор шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ додааст, ки Рамазон Насриддинзода ба мақоми сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин гардид.