Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷонро барканор кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Бо фармони раисҷумҳур раҳбари консули генералии Тоҷикистон дар Дубай, Амороти Муттаҳидаи Араб сафир шуд ва ҳамзамон сафири кишвар дар Шоҳигарии Белгия вазифаи нав гирифт
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Соли Рустам бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, иллати аз вазифа сабукдӯш шудани номбурдаро бознишастагӣ гуфтааст.

"Соли Рустам бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шавад", - омадааст дар фармон.

Ҳамчунин, собиқ сафир аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон низ барканор гардид.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигар ҷойгузини Соли Рустамро, Абдураҳмон Илҳом Баротзода таъйин кард.
Бино ба ҳолномаи Баротзода ӯ дар гузашта дар Вазоратҳои молия, меҳнат низ кор карда, пасон ба ВКХ омада, бештар дар самти молияи ин ниҳод кор кардааст.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон раиси ду ноҳияву муовини раиси Маркази исломшиносиро барканор кард
Ӯ ҳамзамон солҳои 2017-2018 Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия буда, тайи солҳои ахир чунин вазифаро дар Дубай ва ИМА иҷро мекард.
Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураев дар риштаи забоншиноси англисӣ ва бахши иқтисоду менеҷменти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россияро хатм кардааст.
Бо фармони дигар президенти кишвар, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музафар Маҳмуродро ҳамзамон Намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо таъин кардааст.
Лентаи хабарҳо
0