https://sputnik.tj/20230710/maqomoti-khujand-hajmi-istehsoli-mahsuloti-sanoati-afzoish-yoft-1058184319.html
Мақомоти Хуҷанд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт
Мақомоти Хуҷанд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди шаҳр 34 адад корхонаҳои нави хурду миёна таъсис ёфтааст
2023-07-10T18:00+0500
2023-07-10T18:00+0500
2023-07-10T18:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
таъсис
истеҳсол
хуҷанд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 15,4 фоизро ташкил додааст.Тибқи иттилои мақомоти Хуҷанд аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шудааст.Дар ҳоли ҳозир, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100% таъмин карда шудааст.
https://sputnik.tj/20230707/khujand-qimat-gaz-benzin-poin-1058129047.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_102:0:1717:1211_1920x0_80_0_0_f050bda3f1aa2f269b74c8c56771639a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, корхона, таъсис
тоҷикистон, хуҷанд, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, корхона, таъсис
Мақомоти Хуҷанд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт
Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди шаҳр 34 адад корхонаҳои нави хурду миёна таъсис ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 15,4 фоизро ташкил додааст.
Тибқи иттилои мақомоти Хуҷанд аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 208 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100% таъмин карда шудааст.