https://sputnik.tj/20230711/mushkiloti-marzi-muzokirot-tolibon-uzbekiston-1058201839.html
Мушкилоти марзӣ - меҳвари музокироти мақомоти толибон ва Ӯзбекистон
Мушкилоти марзӣ - меҳвари музокироти мақомоти толибон ва Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури марзбонӣ ва ақвоми толибон* дар сафар ба Ӯзбекистон бо мақомоти ин кишвар дар хусуси умури марз гуфтугӯ кард
2023-07-11T16:30+0500
2023-07-11T16:30+0500
2023-07-11T17:27+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
музокирот
толибон
марз
баррасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/06/1051952822_90:0:910:461_1920x0_80_0_0_61276d3f01a2509946b69f72276784ed.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар пайи музокироти мақомоти феълии Афғонистон бо марзбонони Ӯзбекистон, намояндагони гурӯҳи толибон* ба Тошканд қавл доданд, ки ба амният дар марзи муштарак таҳдид намекунанд. Ба гузориши хабаргузории “Khaama Press”, як ҳайат аз Раёсати марзбонӣ ва ақвоми Афғонистон бо ҳамтоёни ӯзбеки худ дидору гуфтугӯ карданд. Дар музокирот тарафҳо ба масоили марзӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни музокирот намояндагони толибҳо мушкилоти сокинони маҳаллии муқими сарҳадро эътироф карданд. Ба хотири рафъи нигарониҳои Ӯзбакистон, мақомоти толибҳо ваъда доданд, ки аз истифодаи гурӯҳҳои шӯришӣ аз қаламрави Афғонистон барои ҳамла ба Узбакистон ҷилавгирӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Афғонистонро як макони эҳтимолии терроризм дар Осиёи Марказӣ медонад. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз рӯйдодҳои 5 июли соли 2022, зарбаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба хоки Ӯзбекистон ба минтақаи Тирмизро ёдрас шуд.Ҳамла бо панҷ мушак сурат гирифт, ки дар натиҷа ба биноҳои истиқоматӣ осеб расонида буд. Илова бар ин, рӯзи 21 август нерӯҳои афғон ҷазираи Арал Пайғамбари Ӯзбекистонро, ки дар вилояти Сурхондарё дар қад-қад рӯди Амударё воқеъ аст, ишғол карданд. Дар посух, марзбонони Узбакистон амалиёти безараргардонии "ишғолгарон"-ро оғоз карданд, ки тибқи гузориши расмӣ, онҳо марзро ба хотири решаи “ширинбаён” убур карда будонд.
https://sputnik.tj/20230707/tolibho-nigaroni-amniyat-afghoniston-1058130901.html
ӯзбекистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/06/1051952822_193:0:808:461_1920x0_80_0_0_c55989987a1f3c40788f1fc56fa0fef7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, осиёи марказӣ, музокирот, мақомот, толибон, афғонистон, мақомот, марз, гуфтугӯ
ӯзбекистон, осиёи марказӣ, музокирот, мақомот, толибон, афғонистон, мақомот, марз, гуфтугӯ
Мушкилоти марзӣ - меҳвари музокироти мақомоти толибон ва Ӯзбекистон
16:30 11.07.2023 (Навсозишуда: 17:27 11.07.2023) Вазири умури марзбонӣ ва ақвоми толибон* дар сафар ба Ӯзбекистон бо мақомоти ин кишвар дар хусуси умури марз гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар пайи музокироти мақомоти феълии Афғонистон бо марзбонони Ӯзбекистон, намояндагони гурӯҳи толибон* ба Тошканд қавл доданд, ки ба амният дар марзи муштарак таҳдид намекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Khaama Press”, як ҳайат аз Раёсати марзбонӣ ва ақвоми Афғонистон бо ҳамтоёни ӯзбеки худ дидору гуфтугӯ карданд.
Дар музокирот тарафҳо ба масоили марзӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни музокирот намояндагони толибҳо мушкилоти сокинони маҳаллии муқими сарҳадро эътироф карданд.
Ба хотири рафъи нигарониҳои Ӯзбакистон, мақомоти толибҳо ваъда доданд, ки аз истифодаи гурӯҳҳои шӯришӣ аз қаламрави Афғонистон барои ҳамла ба Узбакистон ҷилавгирӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Афғонистонро як макони эҳтимолии терроризм дар Осиёи Марказӣ медонад.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз рӯйдодҳои 5 июли соли 2022, зарбаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба хоки Ӯзбекистон ба минтақаи Тирмизро ёдрас шуд.
Ҳамла бо панҷ мушак сурат гирифт, ки дар натиҷа ба биноҳои истиқоматӣ осеб расонида буд.
Илова бар ин, рӯзи 21 август нерӯҳои афғон ҷазираи Арал Пайғамбари Ӯзбекистонро, ки дар вилояти Сурхондарё дар қад-қад рӯди Амударё воқеъ аст, ишғол карданд.
Дар посух, марзбонони Узбакистон амалиёти безараргардонии "ишғолгарон"-ро оғоз карданд, ки тибқи гузориши расмӣ, онҳо марзро ба хотири решаи “ширинбаён” убур карда будонд.