https://sputnik.tj/20230707/tolibho-nigaroni-amniyat-afghoniston-1058130901.html
Толибҳо: нигаронии амниятӣ дар бораи Афғонистон бе асос аст
Толибҳо: нигаронии амниятӣ дар бораи Афғонистон бе асос аст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сухангӯи толибҳо изҳороти ахири вазири дифои Покистонро рад ва таъкид кард, ки нигарониҳои амниятии Исломобод дар хусуси Афғонистон бе асос аст
2023-07-07T13:30+0500
2023-07-07T13:30+0500
2023-07-07T13:30+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
бо кишварҳои ҳамсоя
субот
покистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Муовини сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ ба расонаҳо гуфт, ки ба ҷои ин ки нигарониҳои беҷо ва бидуни аснод матраҳ шавад, рӯй густариши равобити дипломотик, тиҷорат ва иқтисод кор шавад то дар минтақаи истеҳком ба миён ояду нигарониҳо ҳал шавад.“Иморати Исломӣ борҳо гуфта, ки Афғонистон масун аст ва аз хоки ин кишвар таҳдиде ба кишварҳои дигар нест”, -афзуд вай.Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон рӯзи гузашта дар дидор бо Шералӣ Мирзои вазири дифои Тоҷикистон гуфт, ки Покистону Тоҷикистон ба далели ҳамсоягӣ бо Афғонистон бо таҳдидҳои амниятии яксон рӯ ба рӯ ҳастанд.Сафари ҳайати низомии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзуъи интиқоли ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон ба марзҳои Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле доғ шудааст.Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфтааст, ки Покистон ба ҳалли мусоламатомези буҳрони Афғонистон эътиқод дорад ва аз талошҳои Тоҷикистон дар ҷиҳати барқарории сулҳу сабот дар минтақа қадрдонӣ мекунад.Бар хилофи иддаои толибҳо, ки гурӯҳҳои террористӣ аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя таҳдиде нахоҳанд кард, Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аз қаламрави Афғонистон ба Покистон нуфуз кард ва кишварҳои дигари атроф борҳо нигаронии худро аз ҳамчунин хатарот баён кардаанд.Аз сӯи дигар, сафари ҳайати вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Исломобод дар ҳоле сурат мегирад, ки ахбори мутааддиде аз ҷобаҷойии ҷангиёни Таҳрики толибони Покистон дар вилоятҳои бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарзи Афғонистон ба нашр мерасад.
https://sputnik.tj/20230706/ukraina-taqdir-afghoniston-intizor-1058119222.html
афғонистон
толибон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, осиёи марказӣ, билол каримӣ, амният,нигаронӣ, покистон
тоҷикистон, афғонистон, осиёи марказӣ, билол каримӣ, амният,нигаронӣ, покистон
Толибҳо: нигаронии амниятӣ дар бораи Афғонистон бе асос аст
Муовини сухангӯи толибҳо изҳороти ахири вазири дифои Покистонро рад ва таъкид кард, ки нигарониҳои амниятии Исломобод дар хусуси Афғонистон бе асос аст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Муовини сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ ба расонаҳо гуфт, ки ба ҷои ин ки нигарониҳои беҷо ва бидуни аснод матраҳ шавад, рӯй густариши равобити дипломотик, тиҷорат ва иқтисод кор шавад то дар минтақаи истеҳком ба миён ояду нигарониҳо ҳал шавад.
“Иморати Исломӣ борҳо гуфта, ки Афғонистон масун аст ва аз хоки ин кишвар таҳдиде ба кишварҳои дигар нест”, -афзуд вай.
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон рӯзи гузашта дар дидор бо Шералӣ Мирзои вазири дифои Тоҷикистон гуфт, ки Покистону Тоҷикистон ба далели ҳамсоягӣ бо Афғонистон бо таҳдидҳои амниятии яксон рӯ ба рӯ ҳастанд.
Сафари ҳайати низомии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзуъи интиқоли ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон ба марзҳои Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле доғ шудааст.
Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфтааст, ки Покистон ба ҳалли мусоламатомези буҳрони Афғонистон эътиқод дорад ва аз талошҳои Тоҷикистон дар ҷиҳати барқарории сулҳу сабот дар минтақа қадрдонӣ мекунад.
Бар хилофи иддаои толибҳо, ки гурӯҳҳои террористӣ аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя таҳдиде нахоҳанд кард, Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аз қаламрави Афғонистон ба Покистон нуфуз кард ва кишварҳои дигари атроф борҳо нигаронии худро аз ҳамчунин хатарот баён кардаанд.
Аз сӯи дигар, сафари ҳайати вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Исломобод дар ҳоле сурат мегирад, ки ахбори мутааддиде аз ҷобаҷойии ҷангиёни Таҳрики толибони Покистон дар вилоятҳои бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарзи Афғонистон ба нашр мерасад.