Маоши миёна дар Хатлон ба 1,5 ҳазор сомонӣ наздик омадааст

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Обуна шудан
Музди миёнаи меҳнат дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ҳолати моҳи июни соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 14% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Маоши миёна дар Хатлон ба каме бештар аз 1483 сомонӣ баробар шудааст, иттилоъ дод ҳукумати вилоят дар ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввал.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми маоши миёна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 14% зиёд мебошад.
Дар баробари ин зикр гардид, ки ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар вилоят қариб 24 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Инчунин хабар дода шуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 43 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 863 млн доларро ташкил медиҳад, ки ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст.
Раиси вилояти Суғд ва вазири саноати Тоҷикистон дар Екатеринбург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Даъвати мақомот аз соҳибкорони тоҷиктабори Русия барои сохтмони корхонаҳо дар Тоҷикистон
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ гуфта шуд, ки дар ин давра сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар 5 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 41 шартномаю ёддоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд.
Қайд карда шудааст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар давраи нимсола беш аз 41 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки наздики 40 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Русия - 40%, Чин - 35% ва Эрон зиёда аз 18% рост меоянд.
Лентаи хабарҳо
0