Сенатори Русия: Интихобот дар Ӯзбекистон бидуни қонуншиканӣ гузашт

© SputnikВыборы президента Узбекистана 2023 в Таджикистане
Выборы президента Узбекистана 2023 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Обуна шудан
Риояи қоидаҳои зарурӣ дар ҷараёни интихобот ҳам аз ҷониби аъзои кумитаҳои интихобот ва ҳам нозирони ҳамаи ҳизбҳо сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сенаторҳои Русия қонуншиканиҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбекистонро ошкор накарданд, ки битавонад ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсир расонад.
Дар ин бора раиси кумитаи Шӯрои Федератсия, узви ҳайати нозирон Вячеслав Тимченко изҳор дошт.
"Интихобот бомуваффақият гузашт. Мо аз бисёр қитъаҳои интихоботӣ дидан кардем, дар ҳама ҷо фаъолии баланди интихобкунандагон буд - то соати яки рӯз аллакай қариб 50% овоз доданд", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, сенаторҳо "дар интихоботи президентии Ӯзбекистон қонуншикание, ки ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсир расонида тавонанд, ошкор накардаанд, ҳама чиз тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст".
Тимченко ҳамчунин қайд кард, ки ин далелро ҳам аъзои кумитаҳои интихоботӣ ва ҳам нозирони ҳамаи ҳизбҳо мушоҳида кардаанд.
Ҳама 5 ҳизби расман сабтиномшудаи Ӯзбекистон имкони ширкат дар интихоботро пайдо карданд.
Выборы президента Узбекистана 2023 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эълон гардид
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин интихобот пас аз ворид шудани тағйирот ба Сарқонун аст, ки мӯҳлати ваколати сарвари давлатро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад.
Бар асоси қонуни конститутсионӣ, раиси ҷумҳури феълии кишвар Шавкат Мирзиёеви 65-сола, ки бори дуввум аст, метавонад дубора ба ин мақом номзад шавад.
Дар маҷмуъ 4 нафар барои курсии раҳбари давлат талош доранд.
Лентаи хабарҳо
0