https://sputnik.tj/20230709/intikhoboti-prezidenti-dar-uzbekiston-barguzorshuda-elon-gardid-1058163671.html
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эълон гардид
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эълон гардид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ба ҳолати соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ нишон медиҳад, ки беш аз 33% аллакай раъй додаанд
2023-07-09T13:00+0500
2023-07-09T13:00+0500
2023-07-09T13:00+0500
осиёи марказӣ
интихобот
президентӣ
овоз додан
комиссия
ӯзбекистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058068969_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_174af797f780c2541eb40597369b8d14.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф гардид, изҳор дошт муовини раиси Комиссияи марказии интихоботи кишвар, Баҳром Кукаров. Вай дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, - иштироки интихобкунандагон то соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33,54% буд. "Тибқи системаи электроние, ки иштироки интихобкунандагонро ба қайд мегирад, то соати 11:00 ҳудуди 6 млну 463 ҳазор нафар ё 33,54%-и рӯйхати умумии интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шудаанд", - гуфт Кучкаров. Тибқи қонуни Ӯзбекистон, барои баргузоршуда эътироф гардидани интихобот 33%-и интихобкунандагони сабтиномшуда бояд овоз диҳанд. Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Ӯзбекистон соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ баста хоҳанд шуд. Тибқи маълумоти дақиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот дар Ӯзбекистон беш аз 19,4 млн интихобкунанда сабти ном шуда, наздики 10,8 ҳазор участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд, дар наздики 40 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон овоз диҳанд. Қарор аст, натоиҷи интихобот субҳи рӯзи 10 июл ҷамъбаст гардад.Ин нахустин интихобот пас аз ворид шудани тағйирот ба Сарқонун аст, ки мӯҳлати ваколати сарвари давлатро аз 5 то 7 сол тамдид кард.Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.
https://sputnik.tj/20230709/intikhobot-prezident-uzbekiston-nazari-noziron-1058162696.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058068969_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_0ca1d51d2acf9a71449da11f6b0b4168.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳисоб, интихобот, президентӣ, раъй, овоз, маҳал
ҳисоб, интихобот, президентӣ, раъй, овоз, маҳал
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эълон гардид
Ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон ба ҳолати соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ нишон медиҳад, ки беш аз 33% аллакай раъй додаанд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф гардид, изҳор дошт муовини раиси Комиссияи марказии интихоботи кишвар, Баҳром Кукаров.
Вай дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, - иштироки интихобкунандагон то соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33,54% буд.
"Тибқи системаи электроние, ки иштироки интихобкунандагонро ба қайд мегирад, то соати 11:00 ҳудуди 6 млну 463 ҳазор нафар ё 33,54%-и рӯйхати умумии интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шудаанд", - гуфт Кучкаров.
Тибқи қонуни Ӯзбекистон, барои баргузоршуда эътироф гардидани интихобот 33%-и интихобкунандагони сабтиномшуда бояд овоз диҳанд. Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Ӯзбекистон соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ баста хоҳанд шуд.
Тибқи маълумоти дақиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот дар Ӯзбекистон беш аз 19,4 млн интихобкунанда сабти ном шуда, наздики 10,8 ҳазор участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд, дар наздики 40 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон овоз диҳанд. Қарор аст, натоиҷи интихобот субҳи рӯзи 10 июл ҷамъбаст гардад.
Ин нахустин интихобот пас аз ворид шудани тағйирот ба Сарқонун аст, ки мӯҳлати ваколати сарвари давлатро аз 5 то 7 сол тамдид кард.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.