https://sputnik.tj/20230320/bozdosht-raison-parvanda-mansabdor-tojikiston-zaminfurushi-1055633420.html
Боздошти раисон: парванда алайҳи 252 мансабдор дар Тоҷикистон барои заминфурӯшӣ
Боздошти раисон: парванда алайҳи 252 мансабдор дар Тоҷикистон барои заминфурӯшӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди назорат, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол замин нигаронӣ доранд
2023-03-20T12:20+0500
2023-03-20T12:20+0500
2023-03-20T12:21+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.Дар ин бора Юсуф Раҳмон, раҳбари ин ниҳод зимни ҳисоботаш ба парлумон ироа кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Додситонии куллӣ кишвар.Додситон миёни онҳо аз собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ном бурдааст.Ба иттилои манбаъ, ӯ 11 га заминро бар ивази 1 млн сомонӣ фурӯхтааст.Ҳамчунин бо ҷурми заминфурӯшӣ муовини раиси ноҳияи Қубодиён Гулҳусейнов И низ гунаҳкор дониста шудааст.Ӯ бошад ба иттилои мақомот 13 га заминро бар ивази 54,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.Аммо раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб Каримов К. бошад зиёдтар аз ҳама заминфурӯшӣ кардааст.Мавсуф бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 ҳазор доллар 20,6 га заминро додааст.Юсуф Раҳмон гуфтааст, гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне шуда бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд.Дар ин самт ба гуфтаи номбурда зиёда аз 6000 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, нисбати 6550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 16032 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда,16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.Тибқи гузориш, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ зимни бунёди биноҳои баландошёнапоймол намудани ҳуқуқҳои зиёда аз 600 нафар ҳиссагузорон муайян ва 35 млн сомонӣ зарари ба онҳо расонидашуда барқарор гардидааст.
https://sputnik.tj/20220725/mansab-suistifod-bozdosht-kormand-davlat-1050233676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт раисон парванд мансабдор тоҷикистон заминфурӯшӣ
боздошт раисон парванд мансабдор тоҷикистон заминфурӯшӣ
Боздошти раисон: парванда алайҳи 252 мансабдор дар Тоҷикистон барои заминфурӯшӣ
12:20 20.03.2023 (Навсозишуда: 12:21 20.03.2023) Дар Тоҷикистон бо вуҷуди назорат, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол замин нигаронӣ доранд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, раҳбари ин ниҳод зимни ҳисоботаш ба парлумон ироа кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Додситонии куллӣ кишвар.
Додситон миёни онҳо аз собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ном бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ 11 га заминро бар ивази 1 млн сомонӣ фурӯхтааст.
Ҳамчунин бо ҷурми заминфурӯшӣ муовини раиси ноҳияи Қубодиён Гулҳусейнов И низ гунаҳкор дониста шудааст.
Ӯ бошад ба иттилои мақомот 13 га заминро бар ивази 54,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Аммо раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб Каримов К. бошад зиёдтар аз ҳама заминфурӯшӣ кардааст.
Мавсуф бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 ҳазор доллар 20,6 га заминро додааст.
Юсуф Раҳмон гуфтааст, гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне шуда бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд.
Дар ин самт ба гуфтаи номбурда зиёда аз 6000 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, нисбати 6550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 16032 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда,16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.
Тибқи гузориш, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ зимни бунёди биноҳои баландошёнапоймол намудани ҳуқуқҳои зиёда аз 600 нафар ҳиссагузорон муайян ва 35 млн сомонӣ зарари ба онҳо расонидашуда барқарор гардидааст.