https://sputnik.tj/20230707/khujand-qimat-gaz-benzin-poin-1058129047.html
Дар Хуҷанд қимати газу бензин поин рафт
Дар Хуҷанд қимати газу бензин поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Арзон шудани қимати гази моеъ боиси ба таври қобили мулоҳиза поин рафтани нархи бензин низ шуд, мегӯянд ронандагони шаҳри Хуҷанд
2023-07-07T11:03+0500
2023-07-07T11:03+0500
2023-07-07T11:11+0500
дар тоҷикистон
бензин
газ
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_0:203:3071:1930_1920x0_80_0_0_0a4fbce99610f8d9ab0ca77977866d30.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд нархи гази моеъ поин рафтааст. Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориҳои шаҳри Хуҷанд 1 литр чунин мавод бо нархи 3,60-3,70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гуфта мешавад, ки як рӯз қабл қимати он аз 3,80 то 3,90 сомониро ташкил медод. Ба гуфтаи соҳибони мошинҳо, поин рафтани қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр нисбатан ахиран мушоҳида шудааст. Ба навиштаи хабаргузории “Sugdnews”, паст шудани арзиши газ боиси ба таври чашмрас коҳиш ёфтани нархи бензин низ гардидааст. Ҳамин тавр, дар охири моҳи июн АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 9 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло нархи он 8,80 сомониро ташкил медиҳад.Сӯзишвории дизелӣ низ каме поин рафта, аз 11,20 сомонӣ ба 10,40 сомонӣ расид. Аммо сӯзишвории тамғаи АИ-95 бо нархи 9,30 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи онро бетағйир нигоҳ дошт. Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ чунин динамикаи нархро ба навъҳои асосии сӯзишворӣ бо ҳаҷми воридоти он дар ҷумҳурӣ алоқаманд медонанд. Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе оморҳо, беш аз 60% мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230517/tojikiston-sokhtmon-lulai-gaz-chin-1057183581.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_e1bfce3e8b1f41d999031702454844bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд қимат газ бензин поин
хуҷанд қимат газ бензин поин
Дар Хуҷанд қимати газу бензин поин рафт
11:03 07.07.2023 (Навсозишуда: 11:11 07.07.2023) Арзон шудани қимати гази моеъ боиси ба таври қобили мулоҳиза поин рафтани нархи бензин низ шуд, мегӯянд ронандагони шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд нархи гази моеъ поин рафтааст.
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориҳои шаҳри Хуҷанд 1 литр чунин мавод бо нархи 3,60-3,70 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гуфта мешавад, ки як рӯз қабл қимати он аз 3,80 то 3,90 сомониро ташкил медод.
Ба гуфтаи соҳибони мошинҳо, поин рафтани қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр нисбатан ахиран мушоҳида шудааст.
Ба навиштаи хабаргузории “Sugdnews”, паст шудани арзиши газ боиси ба таври чашмрас коҳиш ёфтани нархи бензин низ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар охири моҳи июн АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 9 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло нархи он 8,80 сомониро ташкил медиҳад.
Сӯзишвории дизелӣ низ каме поин рафта, аз 11,20 сомонӣ ба 10,40 сомонӣ расид.
Аммо сӯзишвории тамғаи АИ-95 бо нархи 9,30 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи онро бетағйир нигоҳ дошт.
Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ чунин динамикаи нархро ба навъҳои асосии сӯзишворӣ бо ҳаҷми воридоти он дар ҷумҳурӣ алоқаманд медонанд.
Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе оморҳо, беш аз 60% мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.